Luke 8:35 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Мардум барои дидани ин воқеа баромаданд ва ба назди Исо омада, ҳамон мардеро диданд, ки ҷинҳо аз ӯ берун рафта буданд. Вай дар тан либос дошту бо ақли солим дар пеши пойи Исо менишаст. Ҳамаро тарс фаро гирифт.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Мардум барои дидани воқеа берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва ҳаросон шуданд.
Tajik NT 1999
Мардум барои дидани ин рӯйдод берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва тарсиданд.