Mark 5:13 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, ба даруни хукҳо даромаданд. Галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, дар об ғарқ шуд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод. Ва арвоҳи палид берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба баҳр ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар баҳр ғарқ шуданд.
Tajik NT 1999
Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод. Ва рӯҳҳои нопок берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар кӯл ғарқ шуданд.