Mark 6:14 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Шоҳ Ҳиродус аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шуҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон зинда шудааст ва барои ҳамин Ӯ чунин қудрати муъҷизакорӣ дорад.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, — зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, — гуфт, ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд.
Tajik NT 1999
Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, — зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, — гуфт, ки Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон бархестааст, ва аз ин сабаб ин муъҷизаҳо аз вай ба амал меоянд.