Mark 6:17 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда, Ҳиродус зани бародараш Филиппус, Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд. Лекин Яҳё ба ӯ гуфта буд: «Аз рӯйи шариат ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Барои ҳамин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир намуда, дасту пояшро баста, ҳабс кунанд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳьёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани Филиппус бародараш, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд.
Tajik NT 1999
Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани бародараш Филиппус, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд.