Matthew 6:16 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Боз вақте ки рӯза мегиред, монанди одамони дурӯя рӯятонро ҷиддӣ вонамуд накунед. Зеро дурӯяҳо намуди зоҳириашонро ғамзада нишон медиҳанд, то дигарон бинанд, ки онҳо рӯзадор ҳастанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди риёкорон туршрӯ набошед; зеро ки онҳо қиёфаи ҳудро дигаргун мекунанд, то ки рӯзадории худро ба мардум нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо мукофоти худро гирифтаанд.
Tajik NT 1999
Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди дурӯягон туршрӯ набошед; чунки онҳо чеҳраи худро дигаргун мекунанд, то назди одамон рӯзадор намоянд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо подоши худро гирифтаанд.