Philippians 4:3 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Бале, ҳамкори вафодорам, аз ту низ хоҳиш мекунам, ки ба ин занон ёрӣ диҳӣ. Онҳо дар баробари ман, Климентус ва ҳамкорони дигарам, ки номҳояшон дар китоби ҳаёт аст, барои паҳн кардани хушхабар заҳмати зиёд кашиданд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кӯмак бирасонӣ, ки онҳо дар роҳи башорат бо ман ва бо Қлимис ва бо ҳамроҳони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд.
Tajik NT 1999
Ва аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кӯмак расонӣ. Онҳо барои башорат бо ман ва бо Климентус ва бо ҳамкорони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд.