Revelation 12:10 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Дар осмон овози баланде шунидам, ки мегуфт: «Инак, наҷот, қувват ва Подшоҳии Худои мову қудрати Таъйиншудаи Ӯ фаро расид. Зеро айбдоркунандаи бародарону хоҳаронамон, ки онҳоро шабу рӯз дар пеши Худоямон сиёҳ мекард, ба зер афканда шуд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегӯяд: «Акнун наҷот ва қувват ва Малакути Худои мо ва қудрати Масеҳи Ӯ фаро расид, чунки маломатгари бародарони мо, ки дар ҳаққи онҳо шабу рӯз дар пеши Худои мо маломат мекард, сарнагун шуд;
Tajik NT 1999
Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегуфт: «Акнун наҷот ва қудрат Ва подшоҳии Худои мо Ва ҳукмронии Масеҳи Ӯ фаро расид, Чунки айбдоркунандаи бародарони мо Ки онҳоро рӯзу шаб дар пеши Худои мо айбдор мекард, Сарнагун шуд.