Revelation 17:8 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Ҳайвон буд ва ҳоло нест. Аммо ба зудӣ аз ғори бепоён берун меояд ва баъд нобуд мешавад. Ҳама сокинони замин, ки номҳояшон аз замони бунёди дунё дар китоби ҳаёт навишта нашудаанд, ҳайвонро дида ҳайрон мешаванд. Зеро вай буд, ҳоло нест ва боз меояд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз варта хоҳад баромад ва ба сӯи ҳалокат хоҳад рафт; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз ибтидои ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва зоҳир хоҳад шуд, дар ҳайрат хоҳанд афтод.
Tajik NT 1999
Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз асфалуссофилин мебарояд ва сӯи ҳалокат меравад; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз вақти бунёдшавии ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудаанд, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва меояд, дар ҳайрат меафтанд.