Revelation 18:19 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Онҳо мӯйканон, гиряву нола мекунанд ва фарёд намуда мегӯянд: «Вой, вой бар ҳоли зорат, эй шаҳри бузург, ки аз сарвати зиёди ту ҳама киштидорони баҳр сарватманд шуданд! Аммо соате нагузашта, ба харобазор табдил ёфтӣ.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва ба сарҳошон хок пошиданд ва фарьёд зада, бо гирья ва навҳа гуфтанд: „Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳои вай ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватдор шудаанд! Зеро ки дар як соат вай хароб гардидааст.“
Tajik NT 1999
Ва ба сарҳошон хок пошиданд ва фарёд зада, бо гиря ва мотам гуфтанд: “Вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳояш ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватманд шудаанд! Зеро дар як соат вай хароб гардидааст”.