Revelation 18:22 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Садои торнавозону сарояндагон ва навои наю карнайнавозон аз ту дигар ба гӯш нахоҳад расид. Дигар ягон касбу ҳунар ё ҳунарманде дар ту нахоҳад монд. Садои гардиши сангҳои осиё дигар аз ту шунида нахоҳад шуд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва овози барбатнавозон, ва сарояндагон, ва найнавозон ва карнайнавозон дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, ва ҳеҷ як санъаткори ҳеҷ як санъате дар ту дигар нахоҳад буд, ва садои сангҳои осиё дар ту дигар шунида нахоҳад шуд;
Tajik NT 1999
Ва садои чангнавозон ва сарояндагон Ва найнавозон ва карнайнавозон Дар ту дигар шунида намешавад, Ва ҳеҷ як санъатгар аз ҳеҷ як санъат Дар ту дигар ёфт намешавад, Ва садои сангҳои осиё Дар ту дигар шунида намешавад;