Revelation 18:23 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Нури чароғ шаҳри Бобилро дигар равшан нахоҳад кард ва овози домоду арӯс аз он дигар ба гӯшҳо нахоҳад расид, чунки савдогаронаш мирони замин буданд ва он бо сеҳру ҷодуҳояш халқҳои тамоми ҷаҳонро гумроҳ намуд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва рӯшноии чароғ дар ту дигар пайдо нахоҳад шуд, ва овози домод ва арӯс дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, зеро ки тоҷирони ту акобири рӯи замин буданд, ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо дар иштибоҳ афтодаанд.
Tajik NT 1999
Ва рӯшноии чароғ Дар ту дигар намедурахшад, Ва овози домод ва арӯс Дар ту дигар шунида намешавад, Зеро тоҷирони ту бузургони рӯи замин буданд, Ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо гумроҳ шудаанд.