Revelation 19:20 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Инак, ҳайвон ва пайғамбари дурӯғин дастгир шуданд – ҳамон пайғамбаре, ки пешопеши ҳайвон роҳ гашта, аломатҳо нишон медод ва бо ин восита одамонро гумроҳ мекард, яъне онҳоеро, ки нишонаи ҳайвони ваҳширо қабул карда буданду ба ҳайкалаш саҷда мекарданд. Ҳар ду зинда ба зинда ба кӯли оташу сулфур партофта шуданд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мӯъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кӯли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт;
Tajik NT 1999
Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он пайғамбари дурӯғин дастгир шуд, ки дар пеши вай муъҷизаҳо ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки нишонаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба ҳайкали он саҷда менамуданд, фиреб мекард: ҳар ду зинда ба кӯли оташ партофта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт;