Revelation 2:13 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
„Ман медонам, ки дар ҷойи истиқоматат шайтон тахташро гузоштааст, лекин ту номи Маро маҳкам нигоҳ доштӣ. Агарчи шаҳрат иқоматгоҳи шайтон аст ва дар он шоҳиди вафодорам – Антипос кушта шуд, аз имоне, ки ба Ман доштӣ, нагаштӣ.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
„Аъмоли туро медонам, ва маскани туро, ки тахти шайтон дар он ҷост; ва ту исми Маро маҳкам нигоҳ доштаӣ ва ҳатто дар айёме ки шоҳиди амини Ман Антипас дар миёни шумо, дар ҷое ки шайтон сокин аст, кушта шуд, имони Маро тарк накардаӣ.
Tajik NT 1999
“Амалҳои туро медонам, ва манзили туро, ки тахти шайтон дар он ҷост; ва ту номи Маро маҳкам нигоҳ медорӣ ва дар айёме ки шоҳиди вафодори Ман Антипос дар миёни шумо, дар ҷое ки шайтон сокин аст, кушта шуд, имони Маро тарк накардаӣ.