Revelation 20:4 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Сипас, тахтҳо ва тахтнишинҳоро дидам, ки ба онҳо қудрати доварӣ кардан дода шуда буд. Ҳамчунин ҷонҳои одамонеро дидам, ки сарашонро аз тан ҷудо карда буданд, чунки онҳо вафодорона дар бораи Исо ба одамон нақл мекарданду каломи Худоро эълон менамуданд. Онҳо ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкали вайро парастиш накарда буданд ва нишонаи вайро ба даст ё пешонии худ қабул накарданд. Онҳо зинда шуда, ҳазор сол бо Масеҳ подшоҳӣ карданд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагонро дидам, ки ихтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд, ва ҷонҳои касонеро дидам, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳо ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба пайкари он саҷда накарда буданд ва тамғаи онро бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ ҳазор сол салтанат ронданд;
Tajik NT 1999
Ва тахтҳо дидам, бар онҳо касоне нишаста буданд, ки ихтиёри доварӣ ба онҳо дода шуда буд; ва ҷонҳои касонеро /дидам/, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳоеро /дидам/, ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба ҳайкали он саҷда накарда буданд ва нишонаи /онро/ бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ дар он ҳазорсола подшоҳӣ карданд;