Revelation 3:12 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Касе ки бар бадӣ ғолиб меояд, ӯро дар маъбади Худои Худ мисли сутун ҷо хоҳам кард, ки ҳаргиз ронда нахоҳад шуд. Ман бар ӯ номи Худои Худ ва номи шаҳри Худои Худ, яъне Уршалими навро хоҳам навишт. Ин шаҳр аз ҷониби Худои Ман – аз осмон фуруд меояд. Ҳамчунин номи нави Худро низ бар ӯ хоҳам навишт.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Касе ки ғолиб ояд, вайро дар маъбади Худои Худ рукне хоҳам гардонд, ва дигар вай берун нахоҳад рафт; ва исми Худои Худро ва исми шаҳри Худои Худро, яъне Ерусалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои Ман нузул мекунад, ва исми нави Худро бар вай хоҳам навишт.
Tajik NT 1999
Ҳар кӣ ғолиб ояд, вайро дар ибодатхонаи Худои Худ сутуне мегардонам, ва дигар берун намеравад; ва номи Худои Худро ва номи шаҳри Худои Худро, яъне Уршалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои ман фуруд меояд, ва номи нави Худро бар вай менависам.