Revelation 7:9 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Баъди ин чизҳо, нигоҳ карда, мардуми зиёдеро дидам, ки касе онҳоро шумурда наметавонист. Одамон аз ҳар миллату қавм ва халқу забон буданд. Онҳо ҷомаҳои сафед дар бар кардаву ҳамчун рамзи шодӣ навдаҳои ниҳолонро ба даст гирифта, дар пеши тахту Барра истодаанд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, анбӯҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд.
Tajik NT 1999
Пас аз ин нигоҳ кардам, ва инак, мардуми бисёр, ки /онҳоро/ ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи халқҳо ва қабилаҳо ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истода буданд, ки либоси сафед дар тан доштанд ва шохаҳои нахл ба даст.