Romans 15:27 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Онҳо ин корро бо хурсандӣ анҷом додаанд ва дар ҳақиқат ҳам аз имондорони Уршалим қарздоранд. Чунон ки ғайрияҳудиён дар баракатҳои рӯҳонии имондорони яҳудӣ ҳамроҳ шуданд, ҳамон тавр низ бояд ба онҳо дар муҳтоҷиҳои зиндагиашон кӯмак кунанд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Инро салоҳ донистанд, вале нисбат ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ шарик шудаанд, бояд ба онҳо аз ҷиҳати маишатӣ низ хизмат кунанд.
Tajik NT 1999
Инро писандиданд, ва ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо дар чизҳои рӯҳонӣ шарик шудаанд, бояд ҳамчунин ба онҳо дар чизҳои ҷисмонӣ хизмат кунанд.