Romans 6:13 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Ягон узви бадани худро чун асбоби бадкирдорӣ ба гуноҳ насупоред. Ба ҷойи ин, ҳамчун одамони аз мурдагон зиндашуда, худро ба Худо бидиҳед ва тамоми узвҳои баданатонро ҳамчун асбоби росткорӣ ба Худо бубахшед.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва андоми худро ба гуноҳ насупоред, то ки олати шарорат шавад, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо таслим кунед ва андоми худро дар ихтиёри Худо вогузор намоед, то ки олати адолат бошад.
Tajik NT 1999
ва узвҳои худро чун асбоби бадкирдорӣ ба гуноҳ насупоред, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо супоред ва узвҳои худро чун асбоби росткорӣ дар ихтиёри Худо вогузор намоед.