Romans 7:4 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Барои ҳамин шумо ҳам, эй бародарону хоҳарон, нисбат ба шариат ба воситаи марги Масеҳ мурдаед, то ки ба Шахси Дигаре пайваст шавед, ки аз мурдагон зинда шуд. Аз ин рӯ, мо метавонем барои Худо самар биорем.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Шумо низ, эй бародарон, ба воситаи Бадани Масеҳ ба шариат мурдаед, то ки ба Дигаре, ба Он ки аз мурдагон эҳьё шуд, тааллуқ дошта бошед, барои он ки мо ба Худо самаре оварем.
Tajik NT 1999
Шумо низ, эй бародарони ман, ба воситаи бадани Масеҳ нисбат ба шариат ба марг супурда шудаед, то аз они Дигаре бошед, яъне аз они Ӯ, ки аз мурдагон бархезонда шуд, то барои Худо самаре оварем.