Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва Ман хонадони Яҳудоро тақвият хоҳам намуд, ва хонадони Юсуфро наҷот хоҳам дод, ва онҳоро хоҳам баргардонид, зеро ки бар онҳо марҳамат кардаам, ва онҳо тавре хоҳанд буд, ки гӯё онҳоро ҳаргиз тарк накарда бошам, зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам, ва онҳоро иҷобат хоҳам намуд.