bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Thessalonians 3
1 Thessalonians 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
1
Бинобар ин мо дигар сабр карда натавонистем ва розӣ шудем дар Атино танҳо монем,
2
Ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва ҳизматгузори Худо ва ҳамкори мо дар башорати Масеҳ аст, фиристодем, то ки шуморо дар имонатон устувор гардонад ва тасаллӣ диҳад,
3
То ки ҳеҷ кас дар ин азобу уқубатҳо дудила нашавад, зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо.
4
Зеро ки мо ҳамон вақт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгӯӣ кардем, ки моро азобу уқубат дар пеш аст, чунон ки низ ба вуқӯъ омад, ва шумо медонед.
5
Аз ин рӯ ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ӯро фиристодам, ки имони шуморо бифаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад.
6
Аммо акнун, ки Тимотиюс аз пеши шумо назди мо омад ва муждаи имон ва муҳаббати шуморо ба мо расонд, ва ин ки шумо ҳамеша моро ба некӣ ёд мекунед ва муштоқи дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ муштоқи дидори шумо ҳастем, —
7
Пас мо, эй бародарон, бо вуҷуди тамоми андӯҳ ва азобу уқубати худ, аз имони шумо тасаллӣ ёфтем,
8
Чунки акнун мо зинда ҳастем, модоме ки шумо дар Худованд қоим мебошед.
9
Зеро чӣ гуна мо метавонем ба Худо барои шумо шукргузорӣ кунем, барои тамоми шодмоние ки дар бораи шумо ба ҳузури Худои мо дорем,
10
Ки шабу рӯз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегӯем, ки бо шумо рӯ ба рӯ шавем ва камии имони шуморо пур кунем?
11
Худи Худо ва Падари мо ва Худованди мо Исои Масеҳ роҳи моро сӯи шумо рост оварад.
12
Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, чунон ки мо низ ба шумо муҳаббат дорем,
13
Ва дилҳои шуморо устувор гардонад, то ки дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Ӯ дар қудсият ба ҳузури Худо ва Падари мо беайб бошед. Омин.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5