bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 John 5
1 John 5
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
1
Ҳар кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, вай аз Худо таваллуд ёфтааст, ва ҳар кӣ Волидро дӯст медорад, вай Мавлуди Ӯро низ дӯст медорад.
2
Аз ин мо медонем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем, ки Худоро дӯст дорем ва аҳкоми Ӯро риоят кунем.
3
Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест,
4
Зеро ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, ҷаҳонро мағлуб мекунад; ва ин ғалабае ки ҷаҳонро мағлуб кардааст, имони мост.
5
Кист, ки ҷаҳонро мағлуб мекунад, ҷуз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост?
6
Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун ва Рӯҳ омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ростист.
7
Зеро се ҳастанд, ки дар осмон шаҳодат медиҳанд: Падар, Калом ва Рӯҳулқудс; ва Ин се як ҳастанд.
8
Ва се ҳастанд, ки дар замин шаҳодат медиҳанд: рӯҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд.
9
Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст, зеро ин шаҳодати Худост, ки Ӯ дар бораи Писари Худ шаҳодат додааст.
10
Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ӯро дурӯғгӯ донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон надорад.
11
Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.
12
Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад.
13
Ба шумо, ки ба исми Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки шумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред.
14
Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад;
15
Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ӯ талаб кардаем, меёбем.
16
Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш мамот нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо Ӯро ҳаёт хоҳад бахшид: дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон мамот нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш мамот аст: дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед.
17
Ҳар ноинсофӣ гуноҳ аст, лекин гуноҳест, ки анҷомаш мамот нест.
18
Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки Писари Худо варо муҳофизат мекунад, ва иблис ба вай даст намерасонад.
19
Мо медонем, ки мо аз Худо ҳастем, вале тамоми ҷаҳон дар зери хукумати иблис аст.
20
Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо ҳирад бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.
21
Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
All chapters:
1
2
3
4
5