bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
1 Peter 4
1 Peter 4
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
1
Пас, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм уқубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм уқубат кашад, дигар гуноҳ намекунад,
2
То ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.
3
Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кардаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хӯрдан ва нӯшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед.
4
Ба ҳамин сабаб онҳо мутаҳайир мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд;
5
Онҳо ба Худое ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисоб хоҳанд дод.
6
Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то ки онҳо ба ҳасби ҷисм ба тариқи одамизод ба доварӣ дучор гардида, вале ба ҳасби рӯҳ ба тариқи Худо зиндагӣ кунанд.
7
Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед.
8
Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад;
9
Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед;
10
Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.
11
Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.
12
Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад,
13
Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.
14
Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳӣ Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.
15
Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун қотил, ё дузд, ё бадкирдор, ё фузул уқубат накашад;
16
Аммо агар касе ҳамчун масеҳӣ уқубат кашад, бигзор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад.
17
Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?
18
Ва агар одил базӯр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ хоҳад буд?
19
Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5