bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Corinthians 4
2 Corinthians 4
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 5 →
1
Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;
2
Аммо чизҳои махфии нангинро рад карда, макрро ба кор намебарем ва каломи Худоро таҳриф намекунем, балки ростиро ошкор карда, худро ба виҷдони ҳар кас ба ҳузури Худо вогузор менамоем.
3
Вале агар башорати мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст,
4
Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.
5
Зеро ки мо на худро, балки Исои Масеҳро мавъиза менамоем, ки Ӯ Худованд аст, ва мо ғуломони шумоем ба хотири Масеҳ,
6
Зеро Худое ки гуфт: «Аз зулмот нур бидурахшад», — Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад.
7
Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;
8
Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем;
9
Гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем;
10
Ҳамеша мамоти Исои Худовандро дар бадани худ бардошта мегардем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мо зоҳир шавад.
11
Зеро ки мо, зиндаҳо, доимо ба хотири Исо ба мамот супурда мешавем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мирандаи мо зоҳир шавад,
12
Бинобар ин мамот дар мо амал мекунад, вале ҳаёт дар шумо.
13
Аммо азбаски ҳамон рӯҳи имонро дорем, чунон ки навишта шудааст: «Имон доштам, бинобар ин мегуфтам», мо низ имон дорем, бинобар ин мегӯем,
14
Чун медонем, ки Эҳьёкунандаи Исои Худованд моро низ ба василаи Исо эҳьё намуда, бо шумо ба по хоҳад хезонд.
15
Зеро ҳама чиз барои шумост, то файзе ки дар бисьёр касон фаровон шудааст, шукргузории боз ҳам зиёдтарро барои ҷалоли Худо ба амал оварад.
16
Бинобар ин мо ноумед намешавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад.
17
Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,
18
Ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13