bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Timothy 1
2 Timothy 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 2 →
1
Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо иродаи Худо, ба ҳасби ваъдаи ҳаёт, ки дар Исои Масеҳ аст,
2
Ба Тимотиюс, фарзанди маҳбубам: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.
3
Шукргузорӣ менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ӯ ибодат мекунам, барои он ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рӯз ба ёд меоварам.
4
Шавқманди дидори ту ҳастам, — дар ҳолате ки ашкҳои туро дар хотир дорам, — то аз шодӣ пур шавам,
5
Зеро ки имони бериёи туро, ки пештар дар модаркалонат Лӯид ва модарат Авниқо сокин буд, ба ҳотир меоварам ва яқин дорам, ки он дар ту низ сокин аст.
6
Ба ин сабаб ба ту хотиррасон мекунам, ки он бахшоиши Худоро, ки ба василаи гузоштани дастҳои ман дар туст, авҷ гиронӣ;
7
Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст.
8
Пас, на аз шаҳодат додан ба Худованди мо ва на аз ман, ки бандии Ӯ ҳастам, ор дор, балки барои башорат ба ҳасби қуввати Худо уқубат бикаш,
9
Ки Ӯ моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз азал дар Исои Масеҳ ато шудааст,
10
Вале алҳол ба василаи зуҳури Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ошкор гардидааст, ки Ӯ мамотро ботил намуд ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи башорат дураҳшон кард,
11
Ки барои он ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо таъин шудаам.
12
Ба ин сабаб ман чунин уқубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад.
13
Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравӣ намо.
14
Он амонати некро ба воситаи Рӯҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.
15
Ту медонӣ, ки ҳамаи онҳое ки дар вилояти Осиё ҳастанд, маро тарк карданд; аз он ҷумла Фуҷлус ва Ҳармуҷнис.
16
Худованд ба аҳли ҳонаи Анисифӯрус марҳамат намояд барои он ки ӯ чандин бор маро дилдорӣ дод ва аз занҷирҳоям хиҷил нашуд,
17
Балки, ҳангоме ки ба Рум омад, бо ҷидду ҷаҳди зиёде маро ҷустуҷӯ намуда, ёфт.
18
Худованд ба ӯ ато фармояд, ки ба ҳузури Худованд дар он рӯз марҳамат пайдо кунад. Ва хизмати бисьёреро, ки ӯ дар Эфсӯс барои ман кардааст, ту хубтар медонӣ.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4