bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Colossians 4
Colossians 4
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
1
Эй оғоён, ба ғуломони худ он чи лозим аст ва он чи ҳақ доранд, бидиҳед, ва бидонед, ки шумо низ Оғое дар осмон доред.
2
Доимо бо дуо машғул буда, дар он бо шукргузорӣ бедор бошед;
3
Дар ҳаққи мо низ дуо гӯед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандӣ ҳастам, баён намоем,
4
То ки ман онро ончунон зоҳир созам, чунон ки баён карданам лозим аст.
5
Фурсатро ғанимат дониста, бо онҳое ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед.
6
Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед.
7
Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тӯхиқӯс хабардор хоҳад кард. Ӯ бародари маҳбуб ва хизматгузори амин ва ҳамкори ман дар Худованд аст.
8
Ва ӯро маҳз барои он назди шумо фиристодам, ки аз аҳволи шумо хабар гирад ва дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад,
9
Бо якҷоягии бародари амин ва маҳбуб Онисимус, ки аз байни шумост: онҳо шуморо аз ҳамаи корҳои ин ҷо хабардор хоҳанд кард.
10
Ористархус, ки ҳамроҳи ман дар ҳабс аст, ба шумо салом мерасонад, ва Марқӯс, ҷияни Барнаббо, — ки шумо дар бораи ӯ фармон гирифтаед: агар наздатон биёяд, ӯро пазироӣ кунед, —
11
Ҳамчунин Ешуа, ки лақабаш Юстус аст; ҳар ду аз махтунонанд, ва танҳо онҳо ҳамкоронанд барои Малакути Худо, ки сабаби тасаллои ман шудаанд.
12
Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бандаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷаҳд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед.
13
Ва ман дар бораи ӯ шаҳодат медиҳам, ки ӯ барои шумо ва барои онҳое ки дар Лудкия ва дар Ҳирапӯлис мебошанд, бисьёр меҳнат мекунад.
14
Луқос, табиби маҳбуб, ва Димос ба шумо салом мерасонанд.
15
Ба бародароне ки дар Лудкия мебошанд, ба Нумфос ва ба аҳли калисое ки дар хонаи ӯст, салом бирасонед.
16
Баъд аз он ки ин нома дар миёни шумо хонда шуд, коре кунед, ки он дар калисои Лудкия низ ҳонда шавад; ва номаеро, ки аз Лудкия аст, шумо низ бихонед.
17
Ба Архипус бигӯед: «Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ».
18
Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. Занҷирҳои маро дар ҳотир дошта бошед. Файз бо шумо бод, омин.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
All chapters:
1
2
3
4