bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Daniel 12
Daniel 12
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
1
Ва дар он замон Микоил, ин малаки бузурге ки ба муҳофизати писарони қавми ту истодааст, хоҳад бархост; ва чунон замони тангӣ хоҳад буд, ки аз вақти пайдоиши халқе то ин вақт мисли он дида нашуда бошад; ва дар он замон қавми ту, ҳамаи онҳое ки дар дафтар навишта шуда бошанд, халосӣ хоҳанд ёфт.
2
Ва бисьёре аз онҳое ки дар хоки замин хобидаанд, бедор хоҳанд шуд: баъзеҳо барои ҳаёти ҷовидонӣ, ва баъзеҳо барои нанг ва хиҷолати ҷовидонӣ.
3
Ва хирадмандон мисли дурахши афлок хоҳанд дурахшид, ва онҳое ки бисьёреро ба адолат ҳидоят намудаанд, — мисли ситорагон хоҳанд буд то абад.
4
Аммо ту, эй Дониёл, ин суханонро пинҳон намо, ва ин китобро то замони охир мӯҳр зан; бисьёре ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дониш афзоиш хоҳад ёфт».
5
Ва ман, Дониёл, назар кардам, ва инак, ду нафари дигар истодаанд: яке дар ин канори наҳр, дигаре дар он канори наҳр.
6
Ва яке аз онҳо ба марди ҷомаи катон дар бар, ки болои обҳои наҳр истода буд, гуфт: «Анҷоми ин аҷоибот кай хоҳад буд?»
7
Ва он марди ҷомаи катон дар барро, ки болои обҳои наҳр истода буд, шунидам, ки дасти рост ва дасти чапи худро сӯи осмон бардошта, ба Ҳайи Лоямут қасам хӯрд, ки то замоне ва ду замон ва нисфи замон хоҳад буд, ва ҳамин ки пора‐пора кардани қуввати қавми муқаддас тамом шавад, ҳамаи инҳо анҷом хоҳад ёфт.
8
Ва ман шунидам, вале нафаҳмидам, ва гуфтам: «Эй оғоям! Фарҷоми инҳо чӣ хоҳад буд?»
9
Ва гуфт: «Бирав, эй Дониёл, зеро ки ин суханон бояд то замони охир пинҳон ва сарбамӯҳр бошад.
10
Бисьёре покиза ва сафед хоҳанд шуд ва аз гудозиш хоҳанд гузашт, вале шарирон ба шарорат машғул хоҳанд шуд, ва ҳамаи шарирон фаҳм нахоҳанд кард; аммо хирадмандон хоҳанд фаҳмид.
11
Ва аз замони ботил кардани қурбонии доимӣ ва гузоштани қабоҳати харобкунанда ҳазору дусаду навад рӯз хоҳад гузашт.
12
Хушо касе ки интизорӣ бикашад ва ба ҳазору сесаду сиву панҷ рӯз бирасад!
13
Вале ту то охири умрат амин бош, ва баъд фароғат хоҳӣ кард, ва дар охирзамон барои гирифтани насибаи худ қиём хоҳӣ намуд».
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12