bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Esther 6
Esther 6
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 7 →
1
Дар он шаб хоби подшоҳ парид, ва ӯ амр фармуд, ки китоби ёддошти вақоеи айёмро биёранд, то ки онро ба хузури подшоҳ бихонанд.
2
Ва навиштае ёфт шуд, ки Мордахай дар бораи ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд, хабар додааст.
3
Ва подшоҳ гуфт: «Чӣ иззат ва сарафрозӣ барои ин ба Мордахай ато шудааст?» Навкарони подшоҳ, ки дар хузури ӯ хизмат мекарданд, гуфтанд: «Чизе ба вай ато нашудааст».
4
Ва подшоҳ гуфт: «Кист дар саҳн?» Ва Ҳомон ба саҳни берунии хонаи подшоҳ омада буд, то ба подшоҳ бигӯяд, ки Мордахайро ба доре ки барояш сохта буд, биовезанд.
5
Ва навкарони подшоҳ ба ӯ гуфтанд: «Инак, Ҳомон дар саҳн истодааст». Ва подшоҳ гуфт: «Бигзор биёяд».
6
Ва Ҳомон омад, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чӣ бояд кард?» Ва Ҳомон дар дили худ гуфт: «Ғайр аз ман кист, ки подшоҳ бихоҳад сарафроз намояд?»
7
Ва Ҳомон ба подшоҳ гуфт: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд,
8
Бигзор либоси хисравонае ки подшоҳ онро дар бар мекунад, ва аспе ки подшоҳ бар он савор мешавад, ва тоҷи хисравонае ки бар сари асп гузошта мешавад, биёваранд,
9
Ва он либос ва аспро ба дасти яке аз мирони подшоҳ, ки аз аъёну ашроф бошад, бидиҳанд, ва шахсеро, ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, бипӯшонанд, ва ӯро ба асп савор карда дар майдони шаҳр бигардонанд, ва пешопеши ӯ нидо кунанд: „Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чунин карда хоҳад шуд!“»
10
Ва подшоҳ ба Ҳомон гуфт: «Шитоб намуда он либос ва аспро, чунон ки гуфтӣ, бигир ва ба Мордахаи яхудӣ, ки назди дарвозаи подшоҳ нишастааст, чунин бикун; аз ҳар чи гуфтӣ, чизе кам нашавад».
11
Ва Ҳомон он либос ва аспро гирифт, ва Мордахайро пӯшонид, ва ӯро ба асп савор карда дар майдони шаҳр гардонид, ва пешопеши ӯ нидо кард: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чунин карда хоҳад шуд!»
12
Ва Мордахай ба дарвозаи подшоҳ баргашт, вале Ҳомон мотамзада ва рӯсиёҳ сӯи хонаи худ шитофт.
13
Ва Ҳомон ба зани худ Зораш ва ба ҳамаи дӯстони худ ҳар он чиро, ки ба ӯ воқеъ шуда буд, ҳикоят кард, ва ҳакимонаш ва занаш Зораш ба ӯ гуфтанд: «Агар Мордахай, ки пеши вай ба фурӯ ғалтидан сар кардаӣ, аз насли яҳудиён бошад, бар вай ғолиб нахоҳӣ шуд, балки ҳатман пеши вай фурӯ хоҳӣ ғалтид».
14
Ва ҳанӯз бо ӯ сухан меронданд, ки хоҷасароёни подшоҳ расиданд, то ки Ҳомонро шитоб кунонида, ба зиёфате ки Эстер муҳайё намуда буд, бибаранд.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10