bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Habakkuk 3
Habakkuk 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
1
Дуои Ҳабаққуқи набӣ бар услуби суруди ҷонсӯз.
2
Худовандо! Овозатро шунидам — ҳаросон шудам. Худовандо! Амали Худро дар солҳои наздик зинда намо, дар солҳои наздик онро зоҳир бисоз; дар вақти ғазаб раҳмро ба ёд овар.
3
Худо аз Темон меояд, ва Куддус — аз Форон. Село. Шукӯҳи Ӯ осмонро фаро гирифтааст, ва ҷалоли Ӯ заминро пур кардааст.
4
Ва дурахши Ӯ мисли найир аст, шуоъҳо аз дасти Ӯст, ва ниҳонгоҳи ҷалоли Ӯ дар он ҷост.
5
Пешопеши Ӯ вабо равон аст, ва аз паси қадамҳояш аланга берун меояд.
6
Чун биистад — заминро ба ҷунбиш меоварад; чун назар афканад — халқҳоро ба ларза меандозад; ва кӯҳҳои азалӣ метаркад, пуштаҳои абадӣ паст мешавад; тариқҳои Ӯ ҷовидонист.
7
Хаймаҳои Кушонро зери бори мусибат дидам; чодирҳои замини Мидьёнро ларза гирифтааст.
8
Оё бар наҳрҳо ғазаби Худованд аланга гирифтааст? Оё хашми Ту ба наҳрҳо, ва қаҳри Ту ба баҳрҳо нигаронида шудааст, ки Ту бар аспони Худ, бар аробаҳои наҷотбахши Худ савор шудаӣ?
9
Камони Худро аз ғилофаш бараҳна намуда, анбӯҳи тирҳоро ба парвоз овардаӣ. Ӯмер село. Заминро бо наҳрҳо чок‐чок кардаӣ.
10
Кӯҳҳо Туро дида, ба ларза омад, селобҳо ҷорӣ шуд, варта овозашро баровард, мавҷҳояшро боло бардошт.
11
Офтоб ва моҳ аз нури тирҳои паррони Ту, аз дурахши найзаҳои барроқи Ту дар масканҳои худ истоданд.
12
Ту бо ғазаб бар замин қадам мезанӣ, бо хашм халқҳоро поймол мекунӣ.
13
Барои наҷот додани қавми Худ, барои наҷот додани Масеҳи Худ берун омадӣ; бурҷи хонаи шарирро зада вайрон кардӣ, онро аз буньёдаш то бомаш хароб намудӣ. Село.
14
Сари ҳокимони варо бо тирҳои худи вай маҷрӯҳ кардӣ, вақте ки онҳо мисли тундбоде ҳамла оварданд, то ки маро пароканда намоянд, дар айни хол шодии онҳо мисли он буд, ки мискинеро ба таври пинҳонӣ фурӯ мебурда бошанд.
15
Бо аспонат дар баҳр аз даруни гирдоби обҳои бисьёр барои Худ роҳ кушодӣ.
16
Чун шунидам, ботинамро ларза гирифт, аз он садо лабҳоям ба раъша омад, заъф то мағзи устухонҳоям ҷойгир шуд, ва ман дар ҷои нишасти худ ба ларзиш омадам; ва ҳол он ки дар интизори рӯзи тангӣ, вақте ки қавме бо фавҷҳои худ бар мо ҳуҷум оваранд, ман бояд ором бошам:
17
Агарчи дарахти анҷир гул накунад, ва токҳо бор наоварад, ва меваи зайтун мувофиқи чашмдошт набошад, ва киштзорҳо ҳосил надиҳад, ва гӯсфандон аз қӯра талаф шавад, ва говҳо дар оғил мавҷуд набошад, —
18
Вале ман дар Худованд шод хоҳам буд, ва дар Худои наҷоти худ ба ваҷд хоҳам омад.
19
Худованд Худо қуввати ман аст: Ӯ пойҳои маро, мисли пойҳои оҳуён мегардонад, ва маро бар баландиҳоям ҳидоят менамояд. Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
All chapters:
1
2
3