bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Haggai 1
Haggai 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 2 →
1
Дар соли дуюми подшоҳ Дорьёвеш, дар рӯзи якуми моҳи шашум, каломи Худованд ба воситаи Ҳаҷҷаи набӣ нозил шуда, ба волии Яҳудо Зарубобил ибни Шаалтиил ва ба саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ гуфт:
2
Худованди лашкарҳо сухан ронда, чунин гуфт: «Ин қавм мегӯянд: „Ҳанӯз вақти он нест, яъне вақти бино кардани хонаи Худованд нарасидааст“».
3
Ва каломи Худованд ба воситаи Ҳаҷҷаи набӣ нозил шуда, гуфт:
4
«Оё барои шумо вақти он аст, ки худатон дар хонаҳои болопӯшидаи худ сокин шавед, валекин ин хона хароб бошад?
5
Ва акнун Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: дилҳои худро бар роҳҳои худ нигаронед.
6
Бисьёр кишт мекунед, вале ҳосили кам мебардоред; мехӯред, вале сер намешавед; менӯшед, вале на ба қадри кофӣ; либос мепӯшед, вале он гармӣ надорад; ва ҳар кӣ муздурӣ мекунад, музди худро гӯё дар ҳамьёни сӯрохдор мегузорад.
7
Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: ба пешомади зиндагии худ хуб таваҷҷӯҳ кунед.
8
Ба кӯҳ баромада, чӯб биёред ва хонаро бино кунед; ва Ман ба он таваҷҷӯҳ намуда, ҷалол хоҳам ёфт, мегӯяд Худованд.
9
Бисьёрро мунтазир мешавед, ва инак кам аст, ва онро ба хона меоваред — Ман онро барбод медиҳам. Аз барои чӣ? — мегӯяд Худованди лашкарҳо. — Аз барои хонаи Ман, ки хароб аст, ва ҳол он ки шумо ҳар яке ба кори хонаи худ машғулед.
10
Бинобар ин осмон бар шумо шабнамро бас кардааст, ва замин ҳосилашро бас кардааст.
11
Ва Ман бар замин ва кӯҳҳо, ва бар ғалла ва шираи ангур ва равғани зайтун, ва бар ҳар он чи замин мерӯёнад, ва бар одамизод ва чорпоён, ва бар ҳар он чи аз меҳнати дастҳо ҳосил мешавад, хушксолиро хондаам».
12
Ва Зарубобил ибни Шаалтиил, ва саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ, ва тамоми бақияи қавм ба овози Худованд Худои худ ва ба суханони Ҳаҷҷаи набӣ, ки ӯро Худованд Худои онҳо фиристода буд, гӯш андохтанд, ва қавм аз Худованд тарсиданд.
13
Ва Ҳаҷҷай, қосиди Худованд, ки аз ҷониби Худованд фиристода шуда буд, ба қавм сухан ронда, гуфт: «Ман бо шумо ҳастам, мегӯяд Худованд».
14
Ва Худованд рӯҳи волии Яҳудо Зарубобил ибни Шаалтиил, ва рӯҳи саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодок, ва рӯҳи бақияи қавмро барангехт, ва онҳо омада, дар хонаи Худованди лашкарҳо, Худои худ, ба кор шурӯъ карданд.
15
Дар рӯзи бисту чоруми моҳи шашум, дар соли дуюми подшоҳ Дорьёвеш ин ба вуқӯъ омад.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 2 →
All chapters:
1
2