bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Hebrews 8
Hebrews 8
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 9 →
1
Дар он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст; мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст,
2
Ва хизматгузори қудс ва хаймаи ҳақиқӣ мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод.
3
Зеро ки ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад.
4
Пас, агар Ӯ бар замин мемонд, коҳин ҳам намешуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки ба ҳасби шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд,
5
Ва онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ хизмат мекунанд, чунон ки ба Мусо гуфта шуда буд, вақте ки ӯ ба сохтани ҳайма шурӯъ менамуд: «Бохабар бош», гуфта шудааст, «ки ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварӣ».
6
Аммо алҳол Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст.
7
Зеро, агар он аҳди якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд.
8
Зеро ки Худо онҳоро мазаммат намуда, мегӯяд: «Инак, айёме мерасад, мегӯяд Худованд, ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди ҷадид хоҳам баст,
9
На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то онҳоро аз замини Миср берун оварам; чунки онҳо дар аҳди Ман қоим набуданд, ва Ман ба онҳо эътино накардам, мегӯяд Худованд.
10
Зеро ин аст аҳде ки бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, мегӯяд Худованд: қонунҳои Худро дар афкори онҳо хоҳам гузошт ва дар дилҳои онҳо хоҳам навишт, ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.
11
Ва касе ёри худро, ва касе бародари худро дигар таълим нахоҳад дод ва нахоҳад гуфт: Худовандро бишинос; чунки ҳама, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт;
12
Чунки ба ноинсофиҳои онҳо шафаққат хоҳам кард ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард».
13
Бо гуфтани «аҳди ҷадид» Ӯ қадимагии аҳди якумро нишон дод; ва он чи қадима ва кӯҳна аст, ба нестшавӣ наздик аст.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13