bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Joel 2
Joel 2
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
1
Дар Сион шох навозед, ва дар кӯҳи муқаддаси Ман гулбонг занед, то ки ҳамаи сокинони ин замин ба ларза оянд, чунки рӯзи Худованд меояд, зеро ки наздик аст, —
2
Рӯзи торикӣ ва зулмот, рӯзи абр ва меғ, мисли шафақи субҳ, ки бар кӯҳҳо паҳн шуда бошад: қавми сершумор ва зӯровар, ки мисли онҳо аз азал набуд, ва баъд аз онҳо то абад нахоҳад буд.
3
Пеш аз онҳо оташ месӯзонад, ва баъд аз онҳо аланга фурӯ мебарад; пеш аз онҳо боғи Адан аст, ва баъд аз онҳо — биёбони хароба; ва назди онҳо чизе боқӣ намемонад.
4
Намуди онҳо мисли намуди аспон аст, ва онҳо мисли савораҳо метозанд.
5
Мисли гулдур‐гулдури аробаҳо бар қуллаи кӯҳҳо мерақсанд, мисли чарс‐чарси алангаи оташе ки коҳро месӯзонад, мисли қавми зӯроваре ки барои ҷанг саф кашида бошанд.
6
Аз дидори онҳо қавмҳо ба ларза меоянд; ранги ҳамаи рӯйҳо мепарад.
7
Мисли паҳлавонон тохт меоваранд, мисли мардони ҷангӣ ба ҳисор мебароянд, ва ҳар яке бо роҳҳои худ равона мешаванд, ва ҷоддаҳои худро тағьир намедиҳанд.
8
Ва якдигарро фишор намедиҳанд, ҳар яке бо роҳи худ равона мешаванд, ва бар найзаҳо меафтанд, лекин осебе намебинанд.
9
Ба шаҳр ҳамла мекунанд, ба ҳисор тохт меоваранд, ба хонаҳо мебароянд, аз тирезаҳо мисли дузд дохил мешаванд.
10
Пеш аз омаданашон замин ба ларза меояд, осмон ба ҳаяҷон меафтад, офтоб ва моҳ тира мешаванд, ва ситорагон дурахшонии худро гум мекунанд.
11
Ва Худованд овози Худро пеши лашкари Худ баланд мекунад, зеро ки ӯрдугоҳи Ӯ бағоят азим аст, зеро ки иҷрокунандаи каломи Ӯ пуриқтидор аст; зеро ки рӯзи Худованд бузург ва бағоят саҳмгин аст; ва кист, ки ба он тоб оварда тавонад?
12
Вале алҳол низ Худованд мегӯяд: «Бо тамоми дили худ, бо рӯза ва гирья ва навҳа сӯи Ман руҷӯъ намоед,
13
Ва дилҳои худро чок кунед ва на либосҳои худро». Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоед; зеро ки Ӯ карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон аст, ва аз бадӣ пушаймон мешавад.
14
Эҳтимол дорад, ки Ӯ боз пушаймон шавад, ва пас аз он баракате боқӣ бигузорад, яъне ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ барои Худованд Худои шумо.
15
Дар Сион шох навозед, рӯза эълон кунед, маҷлис даъват намоед.
16
Қавмро ҷамъ кунед, ҷамоатро даъват намоед, пиронро фароҳам оваред, кӯдакон ва ширмаконро ҷамъ кунед; бигзор домод аз хуҷраи худ, ва арӯс аз чимилиқи худ берун ояд.
17
Бигзор коҳинон, хизматгузорони Худованд, дар миёни равоқ, ва қурбонгоҳ гирья кунанд ва бигӯянд: «Бар қавми Худ, эй Худованд, шафқат намо, ва мероси Худро ба нанг насупор, мабодо онҳо мавриди истеҳзои халқҳо гарданд; чаро дар миёни халқҳо бигӯянд, ки Худои онҳо куҷост?»
18
Ва он гоҳ рашки Худованд барои замини Ӯ хоҳад омад, ва Ӯ бар қавми Худ шафқат хоҳад кард.
19
Ва Худованд иҷобат намуда, ба қавми Худ хоҳад гуфт: «Инак, Ман ба шумо гандум ва шираи ангур ва равғани зайтун мефиристам, то ки аз он сер шавед; ва дигар шуморо дар миёни халқҳо нангин нахоҳам кард.
20
Ва душманеро, ки аз шимол омадааст, аз шумо дур карда, ба замини хушк ва хароба хоҳам ронд: сафҳои пеши он рӯ ба баҳри шарқӣ, ва сафҳои охири он рӯ ба баҳри ғарбӣ хоҳад буд, ва бӯи бади он хоҳад баромад, ва тааффуни он баланд хоҳад шуд, зеро ки бисьёр бадӣ кардааст.
21
Натарс, эй замин, шодӣ ва хурсандӣ намо, зеро ки Худованд бисьёр некӣ кардааст.
22
Натарсед, эй чорпоёни саҳро, зеро ки чарогоҳҳо месабзад, дарахт меваи худро меоварад, анҷир ва ток қуввати худро нишон медиҳанд.
23
Ва шумо, эй писарони Сион, дар Худованд Худои худ хурсандӣ ва шодӣ кунед, зеро ки Ӯ борони аввалинро ба шумо ба қадри даркорӣ медиҳад, ва борони аввалин ва охиринро барои шумо мисли пештара меборонад.
24
Ва хирманҳо аз ғалла пур хоҳад шуд, ва чархуштҳо аз шираи ангур ва равғани зайтун лабрез хоҳад гардид.
25
Ва барои солҳое ки малах, елеқ ва ҳасил ва гозом, яъне ӯрдуи азими Ман, ки бар шумо фиристода будам, хӯрдааст, ба шумо подош хоҳам дод.
26
Ва шумо хӯроки фаровон хӯрда, сер хоҳед шуд, ва исми Худованд Худои худро, ки барои шумо корҳои аҷоиб кардааст, мадҳ хоҳед гуфт, ва қавми Ман то абад хиҷил нахоҳанд шуд.
27
Ва хоҳед донист, ки Ман андаруни Исроил мебошам, ва Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ва дигаре нест, ва қавми Ман то абад хиҷил нахоҳанд шуд.
28
Ва баъд аз он чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарони шумо ва духтарони шумо нубувват хоҳанд намуд; пирони шумо хобҳо хоҳанд дид, ҷавонони шумо рӯъёҳо хоҳанд дид.
29
Ва дар он айём бар ғуломон ва канизони шумо низ Рӯҳи Худро хоҳам рехт.
30
Ва дар осмон ва замин аломот зоҳир хоҳам кард: хун ва оташ ва сутунҳои дуд.
31
Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба хун табдил хоҳад ёфт, пеш аз он ки рӯзи азим ва саҳмгини Худованд фаро расад.
32
Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт, зеро ки дар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим, чунон ки Худованд гуфтааст, наҷотьёфтагон хоҳанд буд, ва дар миёни боқимондагон касоне ки Худованд онҳоро хондааст.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3