bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
John 10
John 10
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 11 →
1
«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфанд аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст;
2
Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, вай чӯпони гӯсфандон аст:
3
Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад;
4
Чун гӯсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз ақиби вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд;
5
Лекин аз ақиби каси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд».
6
Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо чӣ гуфт.
7
Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар ҳастам.
8
Ҳамаи касоне ки пеш аз Ман омаданд, дузд ва роҳзан ҳастанд; лекин гӯсфандон ба овози онҳо гӯш надоданд.
9
Ман дар ҳастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба дарун ва берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад.
10
Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.
11
Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад;
12
Лекин муздуре ки чӯпон нест, ва гӯсфандон аз они худаш нестанд, чун бубинад, ки гург меояд, гӯсфандонро монда мегурезад, ва гург гӯсфандонро мегирад ва пароканда мекунад;
13
Муздур мегурезад, чунки муздур аст, ва ғами гӯсфандонро намехӯрад.
14
Ман чӯпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонам Маро мешиносанд:
15
Чунон ки Падар Маро мешиносад, Ман ҳам Падарро мешиносам, ва ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам.
16
Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд, ва онҳоро низ бояд оварам: онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид, ва як рамаю як чӯпон хоҳанд шуд.
17
Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам;
18
Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин ҳукмро аз Падари Худ гирифтаам».
19
Ба сабаби ин суханон боз дар байни яҳудиён ихтилоф афтод.
20
Бисьёре аз онҳо гуфтанд: «Ӯ дев дорад ва девона аст; чаро ба суханонаш гӯш медиҳед?»
21
Дигарон гуфтанд: «Ин суханони девона нест; оё дев метавонад чашми кӯронро воз кунад?»
22
Дар Ерусалим иди таҷдид барпо шуд, ва зимистон буд.
23
Ва Исо дар маъбад, дар равоқи Сулаймон мегашт.
24
Яҳудиён гирди Ӯро гирифта, ба Ӯ гуфтанд: «То кай моро дар тардид мегузорӣ? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро бигӯ».
25
Исо ба онҳо чавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ва имон наовардед; аъмоле ки Ман ба исми Падари Худ ба ҷо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳад;
26
Лекин шумо имон намеоваред, зеро ки аз гӯсфандони Ман нестед, чунон ки ба шумо гуфтам;
27
Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд,
28
Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад;
29
Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад:
30
Ман ва Падар як ҳастем».
31
Боз яхудиён санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд.
32
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисьёр аъмоли нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?»
33
Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои амали нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастӣ, Худро Худо мехонӣ».
34
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дар шариати шумо навишта нашудааст: „Ман гуфтам: шумо худоён ҳастед“?
35
Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон нозил шуд, худоён хондааст, ва Навишта наметавонад ботил шавад, —
36
Пас ба Касе ки Падар Ӯро тақдис карда, ба ҷаҳон фиристод, чӣ тавр шумо мегӯед, ки: „Куфр мегӯӣ“, чунки гуфтаам: „Писари Худо ҳастам“?
37
Агар аъмоли Падари Худро ба ҷо намеоварам, ба Ман имон наоваред;
38
Ва агар ба ҷо меоварам, ҳарчанд шумо ба Ман имон намеоваред, пас ба аъмол имон оваред, то бидонед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ».
39
Он гоҳ бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин Ӯ аз дасташон раҳо шуд.
40
Ва боз ба он тарафи Урдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳьё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд.
41
Ва бисьёр касон назди Ӯ омаданд ва гуфтанд: «Яҳьё ҳеҷ мӯъҷизае нишон надод; лекин ҳар он чи Яҳьё дар бораи Ин Шахс гуфт, рост буд».
42
Ва бисьёр касон дар он ҷо ба Ӯ имон оварданд.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21