bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Micah 2
Micah 2
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 3 →
1
Вой ба ҳоли онҳое ки бар бистарҳои худ хабосат меандешанд ва ниятҳои бад доранд, ва ҳамин ки рӯшноии саҳарӣ фаро расад, онро ба амал меоваранд, чунки кувват дар дасти онҳост.
2
Ва чун саҳроҳоро тамаъ кунанд, — зер карда мегиранд, ва хонаҳоро тамаъ кунанд, — бо зӯрӣ тасарруф менамоянд; ва дар ҳаққи марде ва хонаи вай, ва шахсе ва мероси вай ситам мекунанд.
3
Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам, ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард, ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт, зеро ки ин замони мусибат аст.
4
Дар он рӯз дар ҳаққи шумо масале ба забон хоҳанд ронд, ва зор‐зор гириста навҳа хоҳанд кард, ва хоҳанд гуфт: „Мо тамоман тороҷ гардидаем; насибаи қавми ман бадал шудааст. Чӣ гуна маро аз он дур мекунад?! Саҳроҳои моро ба шарирон тақсим карда медиҳад“.
5
Бинобар ин барои ту касе нахоҳад буд, ки дар ҷамоати Худованд қуръа барои андоза кардан партояд.
6
„Нубувват накунед!“ Нубувват мекунанд: „Ба инҳо нубувват накунанд, расвоиҳо дур нахоҳад шуд“.
7
Эй, ки номат хонадони Яъқуб аст! Оё Рӯҳи Худованд ношикеб гардидааст? Оё инҳо аъмоли Ӯст? Суханони Ман, охир, ба ҳар касе ки бо роҳи рост равон аст, некӣ меоварад.
8
Ва онҳое ки дирӯз қавми Ман ба шумор мерафтанд, алҳол ҳамчун душман қиём кардаанд; шумо аз китфи роҳгузаре курта ва ҷомаро кашида мегиред; касонеро, ки оромона мегузаранд, тавре ба қалам медиҳед, ки гӯё аз ҷанг гашта омада бошанд.
9
Занони қавми Маро аз хонаҳои дилписандашон бадар меронед; аз кӯдакони онҳо зинати Маро ба сурати абадӣ мегиред.
10
Бархезед ва биравед, зеро ки ин ҷо оромгоҳи шумо нест; ба сабаби палид шуданаш он шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид, ва ин ҳалокати сахте хохад буд.
11
Агар шахси бодии дурӯғгӯе козибона мегуфт: „Барои ту дар бораи шароб ва арақ нубувват хоҳам кард“, — вай набии дилхоҳе барои ин қавм мебуд.
12
Тамоми туро, эй Яъқуб, ҷамъ хоҳам кард, бақияи Исроилро фароҳам хоҳам овард, онҳоро мисли гӯсфандони дохили қӯра якҷоя хоҳам гузошт; онҳо мисли рамае ки андаруни чарогоҳаш бошад, аз бисьёрии одамон ғалоғула хоҳанд бардошт.
13
Рахнакунанда пешопеши онҳо баромад; онҳо низ рахна карда, гузаштанд, дарвозаро рахна карда, аз он берун омаданд; ва подшоҳашон пешопеши онҳо гузашта рафт, ва Худованд — дар сари онҳо».
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7