bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Nehemiah 12
Nehemiah 12
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 13 →
1
Ва инҳоянд коҳинон ва левизодагоне ки бо Зарубобил ибни Шаалтиил ва Ешуа баромадаанд: Сароё, Ирмиё, Эзро,
2
Амарьё, Маллук, Ҳаттуш,
3
Шаканьё, Раҳум, Маримут,
4
Идду, Ҷинтуй, Абийё,
5
Мийёмин, Меадьё, Билҷо,
6
Шамаъё, Юёриб, Едаъё,
7
Саллу, Омуқ, Ҳилқиё, Едаъё — инҳоянд сардорони коҳинон ва бародаронашон дар айёми Ешуа.
8
Ва левизодагон: Ешуа, Биннуй, Қадмиил, Шарабьё, Яҳудо, Маттаньё, ки роҳбари маддоҳон буд, — ӯ ва бародаронаш,
9
Ва Бақбуқьё ва Уннӣ ва бародаронашон, ки дар муқобили онҳо бо навбат хизмат мекарданд.
10
Ва Ешуа Юёқимро ба дуньё овард, ва Юёқим Эльёшибро ба дуньё овард, ва Эльёшиб Юёдоъро ба дуньё овард,
11
Ва Юёдоъ Юнотонро ба дуньё овард, ва Юнотон Яддуаро ба дуньё овард.
12
Ва дар айёми Юёқим ин коҳинон сардорони хонаводаҳо буданд: дар Сароё — Мароё, дар Ирмиё — Ҳананьё,
13
Дар Эзро — Машуллом, дар Амарьё — Еҳуҳонон,
14
Дар Малику — Юнотон, дар Шабаньё — Юсуф,
15
Дар Ҳорим — Адно, дар Мароют — Ҳелқой,
16
Дар Идду — Закарьё, дар Ҷинтун — Машуллом,
17
Дар Абийё — Зикрӣ, дар Миньёмин ва Муадьё — Филтой,
18
Дар Билҷо — Шаммуа, дар Шамаъё — Еҳунотон,
19
Дар Юёриб — Матнай, дар Едаъё — Уззӣ,
20
Дар Саллай — Қаллай, дар Омуқ — Эбар,
21
Дар Ҳилқиё — Ҳашабьё, дар Едаъё — Натанъил.
22
Левизодагон дар айёми Эльёшиб, Юёдоъ, Юҳонон ва Яддуа дар рӯйхати «Сардорони хонаводаҳо ва коҳинон дар замони подшоҳии Дорьёвеши Форс» навишта шудаанд.
23
Зодагони Левӣ, сардорони хонаводаҳо, дар китоби «Вақоеънома» то айёми Юҳонон ибни Эльёшиб навишта шудаанд.
24
Ва сардорони левизодагон: Ҳашабьё, Шарабьё ва Ешуа ибни Қадмиил; ва бародаронашон дар муқобили онҳо, то ки бар тибқи амри Довуди бандаи Худо, навбат ба навбат, мадҳ гӯянд ва ҳамду сано хонанд, —
25
Маттаньё, Бақбуқьё ва Убадьё; Машуллом, Талмун ва Аққуб посбонон ва дарбононе буданд, ки бо навбат назди остонаи дарвозаҳо посбонӣ мекарданд.
26
Инҳо дар айёми Юёқим ибни Ешуа ибни Юсодоқ ва дар айёми Наҳемьёи волӣ ва Эзрои коҳини китобдон буданд.
27
Ва дар вақти тақдиси ҳисори Ерусалим левизодагонро аз ҳамаи маконҳошон чустуҷӯ карданд, то ки онҳоро ба Ерусалим биёранд, ва бо шодмонӣ, мадҳгӯӣ ва сурудхонӣ, ва бо санҷҳо, удҳо ва барбатҳо тақдис намоянд.
28
Ва зодагони муғанниён аз ноҳияи гирду атрофи Ерусалим, ва аз қасабаҳои Натуфо ҷамъ шуданд,
29
Ва аз Байт‐Ҷилҷол, ва аз саҳроҳои Ҷобаъ ва Азмавт низ; зеро ки муғанниён дар гирду атрофи Ерусалим қасабаҳо барои худ бино карда буданд.
30
Ва коҳинону левизодагон таҳорат намуданд, ва қавм ва дарвозаҳо ва ҳисорро татҳир карданд.
31
Ва ман сарварони Яҳудоро ба болои ҳисор баровардам, ва ду гурӯҳи калони маддоҳонро барои рафтори ботантана таъин намудам, ва яке аз онҳо ба тарафи рост, бар сари ҳисор, сӯи дарвозаи Хокрӯба равона шуданд,
32
Ва аз ақиби онҳо — Хушаъё ва нисфи сарварони Яхудо,
33
Ва Азарьё, Эзро ва Машуллом,
34
Ва Яҳудо, Биньёмин, Шамаъё ва Ирмиё;
35
Ва аз зодагони коҳинон бо карнайҳо: Закарьё ибни Юнотон, ибни Шамаъё, ибни Маттаньё, ибни Микоё, ибни Заккур, ибни Ософ,
36
Ва бародарони ӯ: Шамаъё, Азаръил, Милалай, Ҷилалай, Моай, Натанъил, Яҳудо ва Ҳанонӣ бо асбоби мусиқии Довуди марди Худо; ва Эзрои китобдон пешопеши онҳо.
37
Ва назди дарвозаи Чашма, ки дар муқобили онҳо буд, бар зинаҳои шаҳри Довуд, бар фарози ҳисор баромаданд ва аз болои хонаи Довуд гузашта, то дарвозаи Об, ки дар шарқ буд, омаданд.
38
Ва гурӯҳи дуюми маддоҳон ба тарафи чап равона шуданд, ва ман ва нисфи қавм аз ақиби онҳо бар сари ҳисор, аз бурҷи Танӯр то ҳисори васеъ рафтем;
39
Ва онҳо аз болои дарвозаи Эфроим, ва дарвозаи Кӯҳна, ва дарвозаи Моҳӣ, ва бурҷи Ҳананъил, ва бурҷи Меоҳ то дарвозаи Гӯсфанд рафта, назди дарвозаи Посгоҳ истоданд.
40
Ва ду гурӯҳи маддоҳон дар хонаи Худо истоданд, ва ман, ва нисфи сарварон бо ман.
41
Ва коҳинон: Эльёқим, Маасиё, Миньёмин, Микоё, Эльюэнай, Закарьё ва Ҳананьё бо карнайҳо,
42
Ва Маасиё, Шамаъё, Элъозор, Уззӣ, Еҳуҳонон, Малкиё, Элом ва Озар. Ва муғанниён сурудхонӣ карданд; ва Израҳьё сардорашон буд.
43
Ва дар он рӯз қурбониҳои зиёде забҳ намуда, хурсандӣ карданд, зеро ки Худо онҳоро бағоят шод карда буд, ва занону бачагон низ хурсандӣ карданд, ва шодмонии Ерусалим то ҷойҳои дурдаст шунида шуд.
44
Ва дар он рӯз бар хуҷраҳои махзан барои ионатҳо, навбарҳо ва ушрҳо одамон таъин карда шуданд, то ки аз киштзорҳои шаҳрҳо ҳиссаҳои коҳинон ва левизодагонро мувофиқи Таврот ҷамъ кунанд, зеро аҳли Яҳудо аз он шод буданд, ки коҳинон ва левизодагон ба хизмат меистоданд,
45
Ва хизмати Худои худ ва корҳои татҳирро ба ҷо меоварданд, ва бар тибқи амри Довуд ва писараш Сулаймон вазифаи муғанниён ва дарбононро иҷро мекарданд,
46
Ва мисли он ки дар айёми Довуд ва Ософи сардори муғанниён аз қадим буд, сурудҳои ҳамду сано барои Худо мехонданд.
47
Ва тамоми Исроил дар айёми Зарубобил ва дар айёми Наҳемьё ҳиссаҳои муғанниён ва дарбононро рӯз ба рӯз медоданд, яъне онҳо вақф ба левизодагон медоданд, ва левизодагон вақф ба зодагони Ҳорун медоданд.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13