bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
1 Corinthians 16
1 Corinthians 16
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
1
Акнун дар бораи ҷамъоварии маблағ, ки он барои ёрии халқи Худо аст, менависам. Ҳамон тавре ки ба ҷамоатҳои имондорони вилояти Ғалотия дастур додам, шумо низ ҳамон тарз амал кунед.
2
Ҳар якеатон, ҳар ҳафта рӯзи якшанбе вобаста ба даромади худ, чӣ қадаре ки тавонед, пул ҷудо кунед, то ки ҳангоми омадани ман ба ин кор машғул шудан лозим наояд.
3
Вақте ки ба пешатон меоям, шахсони интихобкардаи шуморо бо тавсиянома ба шаҳри Уршалим мефиристам, то ки онҳо хайрияи шуморо ба он ҷо баранд.
4
Агар ба Уршалим рафтани ман фоиданок бошад, бигзор онҳо ҳамроҳи ман раванд.
5
Дар бораи сафари ояндаам нақша дорам, ки аз вилояти Мақдуния гузашта, назди шумо ба шаҳри Қуринтус ба меҳмонӣ биёям.
6
Шояд муддате наздатон бимонам ё ҳатто зимистонро ҳамроҳатон гузаронам. Пас бо кӯмаки шумо ба сафари худ, ба ҳар ҷое ки бошад, давом диҳам.
7
Ман намехоҳам, ки шуморо танҳо як сари қадам дида гузарам, балки агар Худованд хоҳад, пешатон бисёртар истодан мехоҳам.
8
Ҳоло бошад ман дар шаҳри Эфесус ҳастаму то иди Ҳосилот дар ин ҷо мемонам,
9
чунки дар ин ҷо барои хизмати босамар тамоми имкониятҳо фароҳам аст. Аммо дар ҳамин ҷо ҳам муқобилони бисёр ҳастанд.
10
Агар ҳамкорам Тимотиюс ба пешатон биёяд, эҳтиёт бошед, ки ӯ дар байни шумо аз хавфу хатар эмин бошад, зеро ӯ ба мисли ман хизмати Худовандро иҷро карда истодааст.
11
Ба ӯ беҳурматӣ накунед, балки ӯро бо сулҳ ба назди ман равон кунед. Ман интизори омадани ӯву бародарон ҳастам.
12
Дар бораи бародари мо Апуллус гуфтаниам, ки аз ӯ бисёр хоҳиш намудам, ки бо бародарон ба назди шумо биёяд. Лекин айни замон ӯ тамоман чунин хоҳиш надорад. Аммо ҳар вақте ки имконият шуд, ба наздатон меояд.
13
Ҳушёр бошед ва дар имонатон устувор бимонед. Далер ва боқувват бошед.
14
Ҳама коратонро аз рӯйи муҳаббат кунед.
15
Бародарону хоҳарон, шумо аҳли оилаи Истефанусро мешиносед ва медонед, ки онҳо аввалин имондорон дар вилояти Охоия буданд ва худро ба хизмати халқи Худо супоридаанд.
16
Ман мехоҳам, ки шумо ба ин шахсон ва ба ҳар касе ки монанди онҳо хизмат карда, меҳнат мекунанд, итоат намоед.
17
Ман аз омадани ҳамшаҳриёнатон Истефанус, Фортунатус ва Охойқос хурсанд шудам. Зеро онҳо ҷойи холии шуморо пур карданд.
18
Онҳо, чунон ки шуморо рӯҳбаланд карданд, маро низ ҳамон тавр рӯҳбаланд намуданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед.
19
Ҷамоатҳои имондорони вилояти Осиё ба шумо – қуринтиён салом мерасонанд. Ҳамкоронам Акило ва занаш Прискила ва имондороне, ки дар хонаашон ҷамъ мешаванд, дар Худованд бароятон саломи гарму ҷӯшон мефиристанд.
20
Тамоми имондорон ба шумо салом мефиристанд. Якдигарро ба оғӯш гирифта, салом гӯед.
21
Дар ин ҷумла аз ҳусни хатам мебинед, ки ин салом аз худи ман, Павлус аст.
22
Ҳар кӣ Худовандро дӯст намедорад, гирифтори лаънат бод! Худованди мо биё!
23
Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исо бо шумо бошад!
24
Ман ҳамаи шуморо, ки пайравони Исои Масеҳ ҳастед, дӯст медорам.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16