bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
1 Thessalonians 4
1 Thessalonians 4
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
1
Инак, бародарону хоҳарон, бо номи Худованд Исо хоҳиш ва илтиҷо мекунем, чи тавре ки мо таълим додем, зиндагиро давом диҳед, то ки ба Худо писанд оед. Шумо аллакай ҳамин тарз рафтор мекунед, вале кӯшиш намоед, ки аз ин ҳам беҳтар зиндагӣ кунед.
2
Зеро шумо медонед, ки бо қудрати Худованд Исо чӣ гуна таълимотро ба шумо додаем.
3
Худо мехоҳад, ки шумо худро пурра ба Ӯ бахшида, аз гуноҳи ҷинсӣ худро нигоҳ доред.
4
Хости Худо ин аст, ки ҳар яки шумо ҷисму хоҳишҳои худро идора карда, беайб ва бономус бошед.
5
Боз Худо мехоҳад мисли беимононе, ки Ӯро намешиносанд, пойбанди ҳавасҳои ҷинсӣ набошед.
6
Инчунин мувофиқи хости Худо шумо набояд аз боварии бародаратон сӯиистифода карда, бо зани вай ҳамхоба шавед. Мо пештар ҳам инро ба шумо қатъиян гуфта ва огоҳ карда будем, ки барои ҳамаи ин гуноҳҳо Худованд аз одам қасос мегирад.
7
Чунки Ӯ моро на ба нопокӣ, балки ба ҳаёти пок даъват кардааст.
8
Инак, касе ки аз фармудаҳои Худо саркашӣ мекунад, на одамро, балки Худоеро, ки ба шумо Рӯҳулқудсро медиҳад, рад мекунад.
9
Дар бораи бародардӯстӣ ҳоҷат ба сухан нест, чунки худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред.
10
Бале, шумо ҳамаи имондоронеро, ки дар саросари вилояти Мақдуния ҳастанд, дӯст медоред. Ба ҳар ҳол, хоҳиш мекунем, ки якдигарро боз зиёдтар дӯст доред.
11
Чи тавре ки фармуда будем, оромона зиндагӣ кунед, ҳар кас бо кори худ машғул шуда, бо дастонаш меҳнат кунад.
12
Чунон зиндагӣ кунед, ки ҳаёти шумо сазовори ҳурмати беимонон бошад, то ки шумо аз дигарон вобаста набошед.
13
Эй бародарону хоҳарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи гузаштагон бехабар монда, ба монанди беимононе, ки умед надоранд, ғамгин бошед.
14
Мо бовар мекунем, ки Исои Масеҳ мурда зинда шуд ва инчунин бовар мекунем, ки Худо касонеро, ки ба Исои Масеҳ имон доштанду аз олам гузаштаанд, ба назди Ӯ ба осмон мебарад.
15
Мувофиқи суханони Худованд ба шумо мегӯем: мо, ки то бозгашти Худованд зинда мемонем, аз имондорони гузашта, ҳаргиз пеш намеравем.
16
Зеро Худи Худованд аз осмон бо фармони қатъӣ, бо овози сардори фариштагону карнайи Худо фуруд меояд ва аввал онҳое, ки ба Масеҳ имон доштанд, пас аз мурдан зинда мешаванд.
17
Сипас, мо, зиндаҳои боқимонда ҳамроҳи онҳо дар абре ба ҳаво, ба пешвози Худованд боло мешавем ва то абад бо Ӯ мемонем.
18
Барои ҳамин бо ин суханон якдигарро рӯҳбаланд кунед.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5