bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
2 Thessalonians 1
2 Thessalonians 1
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
1
Салом ба ҷамоати имондорони шаҳри Тасолуникӣ, ки аз они Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳ аст!
2
Мо Павлус, Сило ва Тимотиюс ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳ хоҳонем!
3
Бародарону хоҳарон, мо бояд ҳамеша барои шумо Худоро шукр гӯем. Ин шукргузорӣ дуруст аст, зеро имонатон беҳад зиёд шуда, муҳаббати ҳар яки шумо нисбат ба ҳамдигар торафт меафзояд.
4
Шумо дар ҳамаи дунболагирию душвориҳо имон ва сабру тоқати худро зоҳир мекунед. Барои ҳамин мо дар байни дигар ҷамоатҳои имондорони Худо бо шумо фахр мекунем.
5
Худо ба воситаи ин озмоишҳо боинсоф будани Худро нишон медиҳад ва оқибат шумо ба Подшоҳии Худо, ки ба хотири он азоб мекашед, сазовор мешавед.
6
Худо боинсоф аст ва Ӯ азобдиҳандагони шуморо азоб медиҳад.
7
Вақте ки Худованд Исо аз осмон бо фариштагони тавоно меояд, Ӯ мову шуморо, ки чунин азобҳоро аз сар гузаронидаем, оромӣ мебахшад.
8
Ӯ аз онҳое, ки Худоро намешиносанд ва ба хушхабари Худованди мо Исо итоат намекунанд, бо шӯълаҳои оташ қасос мегирад.
9
Онҳо ба ҳалокати ҷовидона гирифтор гардида, аз ҳузури Худованд, аз бузургию қуввати Ӯ ҷудо мешаванд.
10
Вақте ки Худованд Исо дар рӯзи қиёмат меояд, халқи Худо Ӯро шукӯҳу бузургӣ мебахшад ва ҳама имондорон аз Ӯ ба ҳаяҷон меоянд. Азбаски ба шаҳодати мо дар бораи хушхабар бовар кардед, шумо низ дар байни онҳо мешавед.
11
Аз ин сабаб ҳамеша барои шумо дуо мекунем, ки Худои мо шуморо ба даъваташ сазовор донад. Бигзор Худо тамоми нияти хуб ва кори неке, ки аз рӯйи имон карданӣ ҳастед, бо қудрату тавоноияш амалӣ созад.
12
Хулоса, шумо бо файзу меҳрубонии Худои мо ва Худованд Исои Масеҳ номи Ӯро шукӯҳу бузургӣ мебахшед. Ҳамчунин Ӯ низ шуморо шукӯҳу бузургӣ мебахшад.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3