bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
/
Matthew 20
Matthew 20
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 21 →
1
Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: як заминдор барои ба токзораш киро кардани мардикорон саҳарии барвақт берун рафт.
2
Ӯ якчанд мардикорро ёфта, онҳоро якдинорӣ ба рӯзи кориашон киро карду ба токзораш фиристод.
3
Соати қариби нуҳ вай дар бозор мардикорони дигарро дида,
4
ба онҳо гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед, баъд ман музди коратонро медиҳам“.
5
Онҳо рафтанд. Заминдор соатҳои қариб дувоздаҳ ва се низ рафта мардикоронро киро кард.
6
Қариби соати панҷ буд, ки вай боз якчанд мардикорро дида пурсид: „Чаро шумо тамоми рӯзатонро бекор гузаронда истодаед?“
7
Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Касе моро киро накард“. Сипас, соҳиби токзор гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед“.
8
Чун шом расид, соҳиби токзор ба назоратчиаш гуфт: „Рафта мардикоронро даъват карда, музди корашонро деҳ. Аз онҳое, ки охирин киро кардам, сар кунед“.
9
Мардикороне, ки соати панҷ киро шуда буданд, ҳар кадоме якдинорӣ музд гирифтанд.
10
Вақте ки аввалин кирошудагон омаданд, фикр карданд, ки бештар музд мегиранд, аммо ҳар кадоме аз онҳо низ якдинорӣ гирифтанд.
11
Онҳо пулашонро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карданд:
12
„Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!“
13
Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Эй рафиқ! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки барои як рӯзи кориат як динор диҳам?
14
Пулатро гиру рав. Ба ин марде, ки охирин киро кардам, хостам баробари ту музд диҳам.
15
Магар ман ҳақ надорам, ки бо пулам ҳар чи хоҳам кунам? Ё ба саховатмандии ман ҳасад мебарӣ?“»
16
Дар хотима Исо гуфт: «Пас охиронҳо аввалин мешаванд ва аввалинҳо охирин».
17
Исо ба сӯйи Уршалим роҳравон шогирдонашро ба як тарафе бурда танҳо ба онҳо гуфт:
18
«Мо ба Уршалим рафта истодаем. Дар он ҷо Писари Одамизод ба дасти коҳинони калон ва устодони шариат супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда,
19
ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд. Ғайрияҳудиён Ӯро масхараву қамчинкорӣ карда, оқибат ба салиб мехкӯб менамоянд. Лекин Вай дар рӯзи сеюм зинда мешавад».
20
Дар ин миён зани Забдой бо ду писараш назди Исо омада, ба Ӯ таъзим карда чизе хоҳиш карданӣ шуд.
21
Исо пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ?» Зан ҷавоб дод: «Мехоҳам, ҳангоми подшоҳӣ карданат амр кунӣ, ки ин ду писари ман аз тарафи росту чапи Ту бишинанд».
22
Исо ба писарони зан гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, шумо нӯшида метавонед?» «Метавонем», – ҷавоб доданд онҳо.
23
Ӯ гуфт: «Бале, шумо дар ҳақиқат аз косаи Ман хоҳед нӯшид. Аммо ба интихоб кардани он касоне, ки аз дасти росту чапи Ман мешинанд, ҳақ надорам. Ин ҷойҳо насиби онҳое мешаванд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст».
24
Даҳ шогирди дигар инро шунида, аз ин ду бародар сахт ба ғазаб омаданд.
25
Он гоҳ Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш даъват карда гуфт: «Шумо медонед, ки подшоҳон ва ҳокимон ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро бар онҳо мегузаронанд.
26
Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар касе ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад
27
ва ҳар касе ки мехоҳад дар пеш истад, бояд ғуломи дигарон бошад.
28
Ҳамчунин Ман, Писари Одамизод наомадаам, ки ба Ман хизмат кунанд. Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам».
29
Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш аз шаҳри Ариҳо ба роҳ баромад, мардуми зиёде аз пайи Ӯ рафтанд.
30
Ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузаштани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Хоҷа, эй насли Довуд! Ба мо раҳм кун!»
31
Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй насли Довуд! Эй Хоҷа, ба мо раҳм кун!»
32
Исо аз роҳаш бозистода онҳоро ба наздаш хонд ва пурсид: «Шумо чӣ мехоҳед? Бароятон чӣ кор кунам?»
33
Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Эй Хоҷа, мехоҳем, ки чашмонамонро бино кунӣ».
34
Дили Исо ба ҳоли онҳо сӯхту ба чашмонашон даст гузошт. Худи ҳамон лаҳза чашмони он ду мард бино шуданд ва онҳо аз паси Исо рафтанд.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
Recommended Reading
Commentary
Matthew Commentaries
→
Devotional
Matthew Devotional Guide
→
Get This Bible
KMO Study Bible
→