bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
2 John 1
2 John 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
1
Пир ба бонуи интихобшуда ва фарзандони вай, ки ман онҳоро дар ростӣ дӯст медорам, ва на танҳо ман, балки низ ҳамаи онҳое ки ростиро шинохтаанд,
2
ба хотири ростие ки дар мо сокин аст ва то абад бо мо мешавад:
3
файз, марҳамат ва осоиш аз ҷониби Худои Падар ва Худованд Исои Масеҳ, Писари Падар, дар ростӣ ва муҳаббат бо мо бод.
4
Ман хеле хурсанд шудам, ки аз байни фарзандонат касонеро ёфтам, ки дар ростӣ рафтор мекунанд, аз рӯи фармудае ки мо аз Падар гирифтаем.
5
Ва акнун аз ту, эй бону, хоҳишмандам: на ҳамчун фармудаи наве ба ту менависам, балки ҳамонро, ки мо аз ибтидо доштем, ки якдигарро дӯст дорем.
6
Ва муҳаббат аз он иборат аст, ки мо мувофиқи фармудаҳои Ӯ рафтор кунем. Ин ҳамон фармудаест, ки шумо аз ибтидо шунидаед, то мувофиқи он рафтор кунед.
7
Зеро бисёр фиребгарон дар дунё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи дар ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шахс фиребгар ва зиддимасеҳ аст.
8
Аз худ бохабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳем, балки подоши комил гирем.
9
Ҳар кӣ аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он пойдор намемонад, Худоро надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ мемонад, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро.
10
Касе ки назди шумо меояд ва ин таълимотро намеоварад, вайро ба хонаи худ қабул накунед ва ба вай салом нагӯед;
11
зеро касе ки ба вай салом гӯяд, ба корҳои бади вай шарик мешавад.
12
Чизи бисёре дорам, ки ба шумо нависам, аммо намехоҳам ба коғаз бо сиёҳӣ нависам, балки умедворам, ки назди шумо биёям ва даҳонакӣ гӯям, то хурсандии мо комил бошад.
13
Фарзандони хоҳари интихобшудаи ту ба ту салом мерасонанд. Омин.
Jump to:
Chapter 1
All chapters:
1
Recommended Reading
Commentary
2 John Commentaries
→
Devotional
2 John Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→