bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Thessalonians 1
2 Thessalonians 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
1
Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст:
2
Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
3
Ҳамеша мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад,
4
Ба тавре ки худи мо дар калисоҳои Худо аз шумо фахр мекунем, дар хусуси сабр ва имони шумо дар ҳамаи таъқибот ва азобҳое ки аз сар мегузаронед.
5
Ин гувоҳиест бар доварии одилонаи Худо, то ки шумо сазовори Малакути Худо ҳисоб ёбед, ки барои он низ уқубат мекашед.
6
Зеро ба назари Худо одилона аст, ки уқубатдиҳандагони шуморо уқубат диҳад,
7
Ва шуморо, ки уқубат мекашед, бо якҷоягии мо фароғат бахшад, ҳангоме ки Исои Худованд аз осмон бо фариштаҳои қуввати Худ
8
Дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад.
9
Онҳо гирифтори ҷазои ҳалокати абадӣ гардида, аз ҳузури Худованд ва ҷалоли қудрати Ӯ маҳрум хоҳанд шуд
10
Дар он рӯзе ки Ӯ омада, дар муқаддасони Худ ҷалол ёбад ва ҳамаи имондоронро ба тааҷҷуб оварад, чунки шумо ба шаҳодати мо имон овардед.
11
Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша барои шумо дуо мегӯем, то ки Худои мо шуморо сазовори даъваташ гардонад ва ҳар салохдиди некӣ ва кори имонро бо қуввати Худ ба амал оварад,
12
То ки исми Худованди мо Исои Масеҳ дар шумо ҷалол ёбад, ва шумо дар Ӯ ҷалол ёбед, ба ҳасби файзи Худои мо ва Исои Масеҳи Худованд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3