bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
2 Thessalonians 3
2 Thessalonians 3
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
1
Ба ҳар ҳол, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гӯед, то ки каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст,
2
Ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва шарир халос шавем; зеро ки на ҳар кас имон дорад.
3
Лекин Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад.
4
Ва мо ба шумо дар Худованд эътимод дорем, ки он чи ба шумо амр фармоем, ба ҷо меоваред ва ба ҷо хоҳед овард.
5
Ва Худованд бигзор дилҳои шуморо ба муҳаббати Худо ва ба сабри Масеҳ ҳидоят намояд.
6
Валекин ба шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекорагардӣ мекунад ва на мувофиқи ривояте ки аз мо қабул кардаед, дур шавед,
7
Зеро худи шумо медонед, ки чӣ гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро ки мо дар миёни шумо бекорагард набудем:
8
Нони касеро муфт нахӯрдем, балки шабу рӯз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ки ба касе аз шумо гаронӣ накунем, —
9
На аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки ҳудамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ки ба мо тақлид намоед.
10
Зеро, вақте ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, бигзор хӯрок ҳам нахӯрад.
11
Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекорагардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд мекунанд;
12
Ба чунин шахсон дар Худованди мо Исои Масеҳ амр мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки сокитона кор карда, нони худро бихӯранд.
13
Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед.
14
Ва агар касе ба суханоне ки мо дар ин нома навиштаем, гӯш надиҳад, — ӯро дар хотири худ гирифта монед ва бо ӯ муошират накунед, то ки хиҷил шавад;
15
Аммо ӯро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед.
16
Валекин Худи Худованди осоиштагӣ бигзор ҳамеша дар ҳама чиз осоиштагӣ ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод!
17
Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам:
18
Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
All chapters:
1
2
3