bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ecclesiastes 11
Ecclesiastes 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 12 →
1
Нони худро ба об парто, чунки пас аз рӯзҳои бисьёр онро хоҳӣ ёфт.
2
Насибае ба ҳафт нафар ва низ ба ҳашт нафар бидеҳ, зеро намедонӣ, ки бар замин чӣ мусибате рӯй хоҳад дод.
3
Агар абрҳо аз борон пур шавад, онро бар замин меборонад; ва агар дарахте ба тарафи ҷануб ва ё ба тарафи шимол афтад, дар ҳамон ҷо, ки дарахт афтода бошад, хоҳад монд.
4
Касе ки ба бод нигоҳ мекунад, кишт нахоҳад кард, ва касе ки ба абрҳо назар медӯзад, дарав нахоҳад кард.
5
Чунон ки ту намедонӣ, ки роҳи бод чӣ гуна аст, ё ҷанин дар батни зани ҳомила чӣ гуна ба вуҷуд меояд, ончунон амали Худоро, ки Офаринандаи ҳама аст, наметавонӣ бидонӣ.
6
Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ, зеро намедонӣ, ки кадоме аз онҳо, ин ё он, муваффақият хоҳад ёфт, ё ки ҳар дуи онҳо баробар некӯ хоҳанд буд?
7
Ва рӯшноӣ ширин аст, ва дидани офтоб барои чашмон хуш аст.
8
Пас, ҳар чанд одамизод солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, бояд дар ҳамаи онҳо айшу тараб намояд, вале айёми торикиро, ки бисьёр хоҳад буд, дар хотир дошта бошад: ҳар он чи хоҳад омад, ҳеҷу пуч аст!
9
Эй ҷавон, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад; ва бо роҳҳои дили худ ва бо нигоҳи чашмони худ равона шав; вале бидон, ки барои ҳамаи ин туро Худо ба доварӣ хоҳад овард.
10
Ва ғуссаро аз дили худ берун намо, ва бадиро аз ҷисми худ дур андоз, зеро ки наврасӣ ва ҷавонӣ ҳеҷу пуч аст.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12