bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Ecclesiastes 6
Ecclesiastes 6
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 7 →
1
Бадие ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам, ва он бар одамизод гарон меояд:
2
Касе ки Худо ба ӯ сарват ва молу мулк ва ҷалол мебахшад, ва барои ҷони ӯ аз ҳар чизе ки ҳавас кунад, ҳеҷ норасогӣ нест, валекин Худо ба ӯ ихтиёр надодааст, ки аз он бихӯрад, — балки каси бегона онро мехӯрад; ин ҳеҷу пуч ва дарди бад аст!
3
Агар касе сад писар ба дуньё оварад, ва солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, ва айёми солҳояш боз ҳам зиёд шавад, валекин ҷонаш аз некӣ сер нашавад, ва ӯ дафну кафан низ надошта бошад, — мегӯям, ки афгона аз ӯ беҳтар аст,
4
Чунки вай ҳамчун чизи ҳеҷу пуч омад, ва ба торикӣ рафт, ва номаш бо торикӣ пӯшида шуд;
5
Офтобро низ надид ва надонист; вай аз он кас бештар ором дорад.
6
Ва агар ӯ ҳатто ду ҳазор сол зиндагӣ кунад ва некӣ набинад, — оё ҳама ба як ҷо намераванд?
7
Тамоми меҳнати одамизод барои даҳони ӯст, ва бо вуҷуди ин, иштиҳояш қонеъ намешавад.
8
Пас, бартарии хирадманд аз аблаҳ дар чист? Ва бартарии бенавое ки медонад пеши зиндаҳо чӣ гуна рафтор кунад?
9
Дидани чашмон беҳ аз иштиёқи нафс; ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
10
Ҳар он чи ба вуқӯъ меояд, аз азал муқаррар шудааст, ва чигунагии моҳияти одамизод маълум аст, ва ӯ наметавонад ба он чи аз ӯ пурзӯртар аст, муқобилат намояд.
11
Зеро чизҳои бисьёре ҳаст, ки ҳеҷу пучро афзун мекунад, — пас чӣ суд аст барои одамизод?
12
Зеро кист, ки бидонад, ки барои одамизод дар зиндагӣ, дар айёми ками умри ботиле ки ӯ мисли соя ба сар мебарад, чӣ чиз хуб аст? Ва кист, ки одамизодро аз он чи баъд аз ӯ дар таҳти офтоб рӯй хоҳад дод, хабардор кунад?
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12