bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Judges 12
Judges 12
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 13 →
1
Ва аҳли Эфроим ҷамъ шуда, ба тарафи шимол гузаштанд ва ба Йифтоҳ гуфтанд: «Чаро барои ҷангидан бо банӣ‐Аммӯн рафтӣ, вале моро нахондӣ, то ки ҳамроҳи ту биравем? Мо хонаи туро оташ дода, бар сари ту хоҳем сӯзонид».
2
Вале Йифтоҳ ба онҳо гуфт: «Ман ва қавми ман бо банӣ‐Аммӯн низои сахте доштем; ва ман шуморо хондам, вале маро аз дасти онҳо наҷот надодед.
3
Ва чун дидам, ки наҷот намедиҳӣ, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузаштам, ва Худованд онҳоро ба дасти ман супурд; пас чаро шумо имрӯз назди ман баромадаед, то ки бо ман ҷанг кунед?»
4
Ва Йифтоҳ тамоми мардуми Ҷилъодро ҷамъ оварда, бо Эфроим ҷанг кард; ва мардуми Ҷилъод ба эфроимиён зарба расониданд, чунки гуфта буданд: «Эй аҳли Ҷилъод, шумо гурезаҳои Эфроим андаруни Эфроим ва андаруни Менашше ҳастед».
5
Ва аҳли Ҷилъод маъбарҳои Урдунро аз Эфроим гирифтанд, ва ҳангоме ки касе аз гурезаҳои Эфроим мегуфт: «Бимон, ки бигзарам», мардуми Ҷилъод ба вай мегуфтанд: «Оё ту эфроимӣ ҳастӣ?» Вай мегуфт: «Не».
6
Онҳо ба вай мегуфтанд: «Бигӯй: „Шиббӯлет“», вале вай мегуфт: «Сиббӯлет», ва наметавонист дуруст талаффуз намояд; ва онҳо варо дастгир карда, назди маъбарҳои Урдун мекуштанд; ва дар он вақт чилу ду ҳазор нафар эфроимиён кушта шуданд.
7
Ва Йифтоҳ бар Исроил шаш сол доварӣ намуд; ва Йифтоҳи ҷилъодӣ вафот ёфта, дар яке аз шаҳрҳои Ҷилъод дафн карда шуд.
8
Ва баъд аз ӯ Ибсони байтлаҳмӣ бар Исроил доварӣ намуд.
9
Ва ӯ сӣ писар дошт, ва сӣ духтарашро берун бароварда, аз берун барои писаронаш сӣ духтар гирифта буд; ва ӯ ҳафт сол бар Исроил доварӣ намуд.
10
Ва Ибсон вафот ёфта, дар Байт‐Лаҳм дафн карда шуд.
11
Ва баъд аз ӯ Элӯни забулунӣ бар Исроил доварӣ намуд; ва ӯ даҳ сол бар Исроил доварӣ намуд.
12
Ва Элӯни забулунӣ вафот ёфта, дар Аёлӯн, ки дар замини Забулун аст, дафн карда шуд.
13
Ва баъд аз ӯ Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ бар Исроил доварӣ намуд.
14
Ва ӯ чил писар ва сӣ набера дошт, ки бар ҳафтод харкурра савор мешуданд; ва ӯ ҳашт сол бар Исроил доварӣ намуд.
15
Ва Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ вафот ёфта, дар Фиръотӯн, ки дар замини Эфроим бар кӯҳи Амолеқ аст, дафн карда шуд.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21