bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Judges 17
Judges 17
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 18 →
1
Ва шахсе аз кӯҳи Эфроим буд, ки Михойҳу ном дошт.
2
Ва ӯ ба модари худ гуфт: «Ҳазору сад сиқл нуқрае ки аз ту рабуда шуд, ва дар бораи он ту лаънат хондӣ ва дар гӯшҳои ман низ гуфтӣ, — инак, он нуқра дар дасти ман аст: ман онро гирифта будам». Ва модараш гуфт: «Худованд писарамро баракат диҳад!»
3
Ва он ҳазору сад сиқл нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш гуфт: «Ман ин нуқраро комилан ба Худованд аз дасти худ барои писарам вақф намудаам, то ки санами тарошидае ва бути рехтае бисозад; ва акнун онро ба ту бармегардонам».
4
Вале ӯ нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш дусад сиқл нуқраро гирифта, ба заргар дод, ки вай санам ва бут сохт, ва онҳо дар хонаи Михойҳу буд.
5
Ва ин шахс, яъне Михо, хонае барои ибодати худо дошт; ва ӯ эфӯд ва трофим сохт, ва яке аз писарони худро баргумошт, то ки коҳини ӯ бошад.
6
Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ҳар кас он чи ба назараш писанд меомад, мекард.
7
Ва ҷавоне аз Байт‐Лаҳми Яҳудо буд, ки дар миёни қабилаи Яҳудо зиндагӣ мекард; вале ӯ левизода буда, дар он ҷо сукунат дошт.
8
Ва ин шахс аз шаҳр, аз Байт‐Лаҳми Яҳудо, равона шуд, то дар мавзее ки ба муддаои табъаш бошад, маскан гирад; ва ба кӯҳи Эфроим то хонаи Михо расид, то ки аз он ҷо сафарашро давом диҳад.
9
Ва Михо ба ӯ гуфт: «Аз куҷо омадаӣ?» Ва ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман левизодае аз Байт‐Лаҳми Яҳудо ҳастам, ва меравам, то дар мавзее ки ба муддаои табъам бошад, маскан гирам».
10
Ва Михо ба ӯ гуфт: «Назди ман маскан гир, ва бароям падар ва коҳин бош, ва ман ба ту ҳар сол даҳ сиқл нуқра, ва як даста либос ва ризқу рӯзӣ медиҳам». Ва левизода омад,
11
Ва левизода розӣ шуд, ки назди ин мард маскан гирад; ва он ҷавон назди вай мисли яке аз писаронаш буд.
12
Ва Михо левизодаро баргумошт, ва ҷавон коҳини ӯ шуд, ва дар хонаи Михо маскан гирифт.
13
Ва Михо гуфт: «Акнун донистам, ки Худованд ба ман эҳсон хоҳад кард, зеро ки левизода коҳини ман шудааст».
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21