bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Luke 17
Luke 17
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 18 →
1
Ва Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Хеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд:
2
Бар гардани вай санги осиёе овехта, вайро дар баҳр афкананд, барои вай беҳтар аст аз он ки вай яке аз ин тифлонро ба васваса андозад.
3
Ба худ назорат кунед. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, ба ӯ гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ӯро афв намо;
4
Ва агар рӯзе ҳафт карат ба ту гуноҳ кунад ва рӯзе ҳафт карат руҷӯъ намуда, гӯяд: „Тавба кардам“, — ӯро афв намо».
5
Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун».
6
Худованд гуфт: «Агар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед ва ба ин дарахти тут мегуфтед: „Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав“, — он ба шумо итоат мекард.
7
Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чӯпонӣ машғул бошад ва ҳангоми аз саҳро баргаштанаш ба вай гӯяд: „Зуд омада, назди суфра бинишин“?
8
Баръакс, оё ӯ ба вай намегӯяд: „Барои ман хӯроки бегоҳӣ тайёр кун ва камари худро баста, ба ман хизмат кун, то даме ки бихӯрам ва бинӯшам, ва баъд аз он худат бихӯр ва бинӯш“?
9
Оё ӯ ба он ғулом барои он ки фармонҳои ӯро ба ҷо овард, миннатдорӣ баён мекунад? Гумон намекунам.
10
Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: „Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем“».
11
Дар аснои роҳи Ерусалим Ӯ аз ҳудуди байни Сомария ва Ҷалил мегузашт.
12
Ва ҳангоме ки Ӯ ба қасабае дохил мешуд, даҳ шаҳси махавӣ аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода,
13
Бо овози баланд мегуфтанд: «Эй Исои Устод, ба мо марҳамат кун!»
14
Ва Ӯ, чун дид, ба онҳо гуфт: «Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок шуданд.
15
Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд,
16
Ва пеши пойҳои Ӯ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд.
17
Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд? Пас он нӯҳ нафар куҷоянд?
18
Оё, ғайр аз ин аҷнабӣ, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?»
19
Ва ба вай гуфт: «Бархоста, бирав; имонат туро наҷот дод».
20
Чун фарисиён ба Ӯ савол доданд, ки Малакути Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Малакути Худо тавре намеояд, ки ба назар намоён шавад,
21
Ва намегӯянд: „Инак, он дар ин ҷост“, ё: „Инак, дар он ҷост“; зеро инак, Малакути Худо дар дохили шумост».
22
Ва ба шогирдон гуфт: «Айёме меояд, ки дидани фақат як рӯзи Писари Одамро орзу ҳоҳед кард, ва нахоҳед дид;
23
Ва ба шумо хоҳанд гуфт: „Инак, дар ин ҷост“, ё: „Инак, дар он ҷост“, — наравед ва аз ақиби онҳо надавед;
24
Зеро, чӣ тавре ки барқ аз як канори осмон дурахшида, то канори дигари осмон нур мепошад, Писари Одам дар рӯзи Худ ҳамин тавр хоҳад буд.
25
Лекин аввал Ӯро лозим аст, ки бисьёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад карда шавад.
26
Ва чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд:
27
Мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд — то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард.
28
Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд;
29
Лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард.
30
Дар рӯзи зоҳир шудани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд.
31
Дар он рӯз ҳар кӣ бар бом буда, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад:
32
Зани Лутро ба хотир оваред.
33
Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ онро барбод дихад, онро зинда хоҳад кард.
34
Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
35
Аз ду зане ки якҷоя бо дастос машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
36
Аз ду нафаре ки дар киштзор бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд».
37
Дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Куҷо, эй Худованд?» Ба онҳо гуфт: «Ҳар куҷо лоша бошад, каргасон низ дар он ҷо ҷамъ мешаванд».
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24