bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Luke 24
Luke 24
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
1
Дар рӯзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд;
2
Вале диданд, ки санг аз сари қабр ғалтонда шудааст,
3
Ва чун дохил шуданд, Ҷасади Исои Худовандро наёфтанд.
4
Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд.
5
Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон ҷустуҷӯ мекунед?
6
Дар ин ҷо нест: Ӯ эҳьё шуд; ба ёд оваред, ки чӣ гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда,
7
Гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад».
8
Ва онҳо суханони Ӯро ба ёд оварданд
9
Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд.
10
Инҳо Марьями Маҷдалия, ва Юҳона, ва Марьям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба ҳаввориён ин чизҳоро гуфтанд.
11
Вале ин суханон ба назарашон чун сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд.
12
Аммо Петрус бархоста, сӯи қабр давид ва хам шуда, фақат кафанро дид, ки гузошта шудааст, ва аз ин ҳодиса дар ҳайрат монда, ба ҳонаи ҳуд рафт.
13
Дар ҳамон рӯз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Ерусалим дур буд, ва Аммоус ном дошт,
14
Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд.
15
Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугӯ ва мубоҳиса мекарданд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд;
16
Лекин чашмони онҳо баста буд, ба тавре ки Ӯро нашиноҳтанд.
17
Ба онҳо гуфт: «Аз чӣ хусус бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳотон ғамгин аст?»
18
Яке аз онҳо, ки Қлеюпос ном дошт, дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Наход ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Ерусалим омадаанд, аз воқеае ки дар ин рӯзҳо рӯй додааст, бехабар ҳастӣ?»
19
Ба онҳо гуфт: «Аз кадом воқеа?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз он чи ба Исои Носирӣ рӯй додааст, ки Ӯ пайғамбаре буд тавоно дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми қавм;
20
Чӣ гуна Ӯро саркоҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба қатл маҳкум шавад, ва Ӯро маслуб карданд;
21
Лекин мо умед доштем, ки Ӯ Ҳамон аст, ки бояд Исроилро наҷот диҳад; аммо, бо ин ҳама, имрӯз рӯзи сеюм аст, ки ин ба вуқӯъ омадааст;
22
Вале баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андоҳтанд: онҳо бомдодон ба сари қабр рафтаанд,
23
Ва Ҷасади Ӯро наёфтаанд, ва омада гуфтанд, ки дар рӯъё фариштагонро низ дидаанд, ки мегӯянд: Ӯ зинда аст;
24
Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ӯро надидаанд».
25
Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Эй бефаросатон ва сустдилон дар имоноварӣ ба он чи анбиё пешгӯӣ кардаанд!
26
Оё Масеҳро лозим набуд ҳамаи инро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ бирасад?»
27
Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда, он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод.
28
Ва онҳо ба деҳае ки сӯяш мерафтанд, наздик омаданд, ва Ӯ чунин вонамуд кард, ки мехоҳад онсӯтар биравад;
29
Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бо мо бимон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасад». Ва Ӯ ворид шуда, бо онҳо монд.
30
Ва ҳангоме ки Ӯ бо онҳо назди суфра нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод.
31
Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуд, ва онҳо Ӯро шинохтанд; вале Ӯ аз назарашон нопадид шуд.
32
Ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Оё дили мо дар даруни мо намесӯхт, вақте ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?»
33
Ва ҳамон соат бархоста, ба Ерусалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда,
34
Мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан эҳьё шудааст ва ба Шимъӯн зоҳир гардидааст.
35
Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ ҳодиса рӯй дод, ва чӣ гуна Ӯро дар вақти пора кардани нон шинохтанд.
36
Вақте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод».
37
Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд;
38
Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад?
39
Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед».
40
Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Худро ба онҳо нишон дод.
41
Ва чун онҳо аз шодӣ ҳанӯз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?»
42
Пеши Ӯ як порча моҳии бирьён ва андаке асали мумдор монданд;
43
Ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.
44
Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд».
45
Он гоҳ зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд,
46
Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ уқубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад.
47
Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад;
48
Ва шумо шоҳидони ин ҳастед;
49
Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вақте ки бо қуввате аз олами боло фаро гирифта шавед».
50
Ва онҳоро берун оварда, то Байт‐Ҳинӣ бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод.
51
Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон сууд кард.
52
Ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Ерусалим баргаштанд,
53
Ва ҳамеша дар маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд. Омин.
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24