bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Mark 1
Mark 1
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 2 →
1
Ибтидои Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,
2
Чунон ки дар суҳафи анбиё навишта шудааст: «Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад.
3
Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед».
4
Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард.
5
Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Урдун аз вай таъмид меёфтанд.
6
Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехӯрд.
7
Ва мавъиза карда, мегуфт: «Аз паси ман Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, давол пойафзоли Ӯро воз кунам;
8
Ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳад дод».
9
Дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Урдун аз Яҳьё таъмид ёфт.
10
Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рӯҳро, ки монанди кабӯтаре бар Ӯ нозил мешавад.
11
Ва овозе аз осмон даррасид: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, хусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст».
12
Пас аз он фавран Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд.
13
Ва Ӯ чиҳил рӯз дар биёбон буд, ва шайтон Ӯро меозмуд; бо даррандагон рӯз мегузаронд, ва фариштагон Ӯро парасторӣ мекарданд.
14
Пас аз он ки Яҳьё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард,
15
Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: «Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред».
16
Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, Шимъӯн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд.
17
Ва Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам».
18
Дарҳол онҳо тӯри худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд.
19
Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ тӯрҳои худро таъмир мекунанд,
20
Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд.
21
Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ӯ дар рӯзи шанбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурӯъ намуд.
22
Ҳама аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон.
23
Дар куништи онҳо касе буд, ки рӯҳи палид дошт, ва якбора фарьёд зада, гуфт:
24
«Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Куддуси Худо!»
25
Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!»
26
Рӯҳи палид вайро ба ларза андоҳта, бо овози баланд фарьёд заду аз вай берун шуд.
27
Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: «Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест, ки Ӯ ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
28
Ва овозаи Ӯ зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд.
29
Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯн ва Андриёс омаданд.
30
Модарарӯси Шимъӯн дар ҳолати табларза хобида буд; ва дарҳол Ӯро аз ин ҳолати вай хабардор карданд.
31
Ва Ӯ наздик шуда, аз дасти вай гирифту бархезонд; табларзаи вай дарҳол нест шуду вай ба парастории онҳо машғул гашт.
32
Бегоҳӣ, ки офтоб фурӯ рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ӯ оварданд.
33
Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд.
34
Ва Ӯ бисьёр касонро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисьёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонистанд.
35
Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт.
36
Шимъӯн ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ӯ шитофтанд;
37
Чун Ӯро ёфтанд, гуфтанд: «Ҳама Туро меҷӯянд».
38
Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам».
39
Ва Ӯ дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза менамуд ва девҳоро берун мекард.
40
Махавие назди Ӯ омада, зорӣ кард ва зону зада гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ».
41
Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!»
42
Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест шуду вай пок гардид.
43
Ва ба вай чашм ало карда, дарҳол аз Худ дур намуд
44
Ва ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе чизе магӯ, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани худ он чи Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».
45
Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Ӯ дигар ошкоро ба шаҳр даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр, дар ҷойҳои хилват рӯз мегузаронд. Ва мардум аз ҳар сӯ назди Ӯ меомаданд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16