bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Mark 8
Mark 8
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
1
Дар он рӯзҳо, ки боз мардуми бисьёре ҷамъ омада буданд ва барои хӯрдан чизе надоштанд, Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт:
2
«Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд;
3
Агар онҳоро гурусна ба хонаҳошон ҷавоб диҳам, дар роҳ бемадор хоҳанд шуд, зеро ки баъзе аз онҳо аз роҳи дур омадаанд».
4
Шогирдонаш ба Ӯ ҷавоб доданд: «Аз куҷо касе метавонад дар ин биёбон онҳоро аз нон сер кунад?»
5
Аз онҳо пурсид: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
6
Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин бинишинанд; ҳафт нонро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ва онҳо гузоштанд.
7
Ва чанд моҳии майда низ доштанд; онҳоро низ, баракат дода, фармуд, ки пеши ҷамоат гузоранд.
8
Онҳо хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд.
9
Хӯрандагон қариб чор ҳазор нафар буданд. Ва онҳоро ҷавоб дод.
10
Дарҳол бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба худуди Далмонуто омад.
11
Фарисиён берун омада, бо Ӯ ба мунозира даромаданд ва Ӯро озмуда, аломати осмонӣ аз Ӯ талаб карданд.
12
Ӯ, аз дил оҳе кашида, гуфт: «Чаро ин насл аломате талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аломате ба ин насл ато нахоҳад шуд».
13
Пас онҳоро гузошта, боз ба қаиқ савор шуд ва ба соҳили дигар гузашт.
14
Онҳо нон гирифтанро фаромӯш карданд ва бо худ дар қаиқ ҷуз як нон надоштанд.
15
Ӯ онҳоро огоҳ карда, гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва аз хамиртуруши Ҳиродус ҳазар кунед».
16
Онҳо бо якдигар муҳокима ронда, мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон надорем».
17
Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Оё ҳанӯз нафаҳмидаед ва дарк накардаед? Оё то ҳол дили шумо сахт аст?
18
Чашм дореду намебинед? Гӯш дореду намешунавед? Ва дар хотир надоред?
19
Ҳангоме ки панҷ нонро барои панҷ ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Дувоздаҳ».
20
«Ва ҳангоме ки ҳафт нонро барои чор ҳазор нафар пора кардам, чанд сабад пур аз пораҳо бардоштед?» Гуфтанд: «Ҳафт».
21
Ба онҳо гуфт: «Пас чаро намефаҳмед?»
22
Чун ба Байт‐Сайдо омад, кӯреро назди Ӯ оварда, зорӣ намуданд, ки вайро ламс кунад.
23
Ӯ дасти кӯрро гирифта, вайро аз қасаба берун бурд ва ба чашмони вай туф карда, дастҳои худро бар вай гузошт ва пурсид: «Оё чизе мебинӣ?»
24
Вай назар афканда, гуфт: «Одамонро хиромон чун дарахтон мебинам».
25
Он гоҳ дастҳояшро бори дигар бар чашмони вай гузошта, фармуд, ки назар афканад. Вай шифо ёфт ва ҳама чизро ба хубӣ бидид.
26
Пас вайро ба хонааш фиристода, гуфт: «Дохили қасаба нашав ва дар он ҷо ба касе нақл нақун».
27
Ва Исо бо шогирдонаш ба қасабаҳои Қайсарияи Филиппус рафт. Дар аснои роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?»
28
Онҳо ҷавоб доданд: «Мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз пайғамбаронӣ».
29
Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус ҷавоб дода, гуфт: «Ту Масеҳ ҳастӣ».
30
Пас ба онҳо таъин кард, ки дар бораи Ӯ ба ҳеҷ кас гап назананд.
31
Он гоҳ ба таълими онҳо оғоз намуда, гуфт, ки «Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад ва пас аз се рӯз эҳьё шавад».
32
Чун ин суханонро ошкоро мегуфт, Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба зътироз кардан шурӯъ намуд.
33
Лекин Ӯ баргашта, ба шогирдонаш нигарист ва Петрусро манъ карда, гуфт: «Эй шайтон, аз Ман дур шав, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».
34
Пас мардумро бо шогирдонаш назди Худ хонда, гуфт. «Ҳар кӣ хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд:
35
Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман ва Инҷил барбод диҳад, онро мераҳонад;
36
Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?
37
Ё ки одамизод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?
38
Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард».
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16